Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Дар ҳар идораю муассиса бахилӣ, ҳамдигарбадбинӣ буд ва мемонад. Одамон инро донанд ҳам аз ин ҳаргиз даст намекашанд.
Пас ... Мебинӣ барои ҷои аввал талош аст, туҳмат мубориза бубар. Фикри соҳиб шудани ҷои дуюмро макун. Муборизи ҳақиқӣ шав. Масалан, вақте шер пир шуд дандонҳояш ёл ва думаш мерезад. Баъди ин худаш мемирад. Ин қонуни зиндагӣ аст.
Пирӣ ва маризӣ ки оғоз гашт ҳайрон набояд шуд фарқат аз ҳайвон дар он аст, ки ба воситаи ақл худатро тасалло медиҳӣ.
Шаҳсеро, ки даҳ сол мебоист дар зиндон маҳбус мешуд орзу мекард, ки бори дигар ба озодӣ барояд ва баъд мирад ҳам ормон надорад.
Барои аз ғамҳо дур будан ба лаби ҷӯй бирав ва ғамҳоят зуд дур мешавад.
Ба маризон гуфтаниям, ки ҳаргиз ноумед нашванд, зеро Худои таъоло ноумед намекунад ва шифо меёбанд.
Ривоятест, ки зоғ чашми зоғи дигарро кӯр намекунад. Ман бо чашми худ дидам, ки зоғе зоғи дигарро барои лукмае кӯр кард.
Ин гуфтаҳо чӣ маъно доранд? Маънои онро доранд, ки дар дунё ҳама ҷондорон меъда доранд ва барои пур кардани он ба ҳама кор қодиранд.
Содаю хоксор дар ҷамъият ҳурмати зиёд надоранд. Оне, ки мансаб, пул, бойгарӣ дорад ҳурмат мебинад. Бузургон тавсияи некию хоксориро намуданд. Ин гуфтаҳо чандон ба ҳақиқати имрӯза рост намеояд. Сабаби ҳамаи онро ман намефаҳманд.
Ман то ин замон хаёл мекардам, ки ҳақиқат яктост. Афсус маълум шуд, ки ҳақиқат якто нест. Ҳақиқат чандто буда, рангҳои худро доранд устодон насиҳат мекарданд ҳақиқат яктост. Масалан, роҳзанҳо бо ғорати худ ҳақиқати худро доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё