Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

АдабиётҶомеа
Аз аввал хондан

Дар тӯли ҳаёт борҳо андешидам, ки куҷо «ҳа» гуфтан ва куҷо «не». Ба хулосае омадам, ки аксарияти «ҳа»-гуфтанҳо дарди сари гашта будааст. Содагиямро дар «ҳа» дида ман «ҳа», ҳа, «ҳа» гуфта зиракро бой дода будаам. Ба ҳамааш худамро гуноҳгор меҳисобам. Ту худ хулоса барор, ки шаллоқи дар зиндагӣ хӯрдани маро ту нахӯрӣ.

Агар бақияи умрам монда бошад, кӯшиш мекунам, ки ҷавобро биандешам. Таърих гувоҳ аст, ки миллионҳо сол пештар динозаврҳои азимҷуссаи кӯҳмонандро содагияшон барбод додааст. Ҳайвонҳои хурди ночиз тавонистанд, ки бо айёрӣ зинда монанд, аммо онҳо аз байн рафтанд. То ба имрӯз ҳамин ҳолат давом дорад. Шояд кометаи кандашуда ба ҳамдигархӯрии сайёраи Замин хотима бахшад. Ин ҳамаро танҳо Ӯ медонад. Ин ақидаи Ҳошим Гадои хонанашода аст.

Инсон бояд иродаи қавӣ дошта бошад, мисоле меорам. Островский дар бистари беморӣ, фалаҷ дигаронро ба он даъват мекард, ки иродаашонро аз даст надиҳанд. Худ биандешед. Мардонагиро аз ӯ бояд омӯхт.

Чаадаевро ҳабси хонагӣ намуданд, девонааш хонданд, аммо ӯ ба ин тан надод.

Бо ин ман гуфтанӣам, ки ба ғуму дард тан мадеҳ ва магузор поймолат кунанд. Агар тавонанд туро шикастанд, ту тан мадеҳ ва нишон мадеҳ шикастани рӯҳиятро.

Худоё, аз гургони одамшакл эмин бидор ва наҷотамон бидеҳ. Худ биандеш, ки ба ғайр аз Худо кӣ ба додат мерасад.

Ҳама мехоҳанд, ки дар байни мардум аввалин бошанд. Борӣ ҳангоми сафарҳояш Юлий Сезарро дӯсташ пурсид:

— Юлий, агар ту дар ин деҳа мезистӣ, аввалин шахси муътабари деҳа будан мехостӣ ё дуюмин?

— Албатта, аввалин будан мехостам.

Бубинед, ки Сезар аввалин будан мехост. Умуман аксарият чунин хоҳиш дорад. Умуман инсонҳо гуногунанд. Онҳоро аз паҳлӯ баргашта бояд омӯхт. Ҳошим Гадо чӣ гуна махлуқ будани инсонро мехоҳад. Мехоҳад донад, ки то чӣ андоза инсон аз ҳайвон фарқ дорад.

Меарзад, ки инсонро шоҳи ҳайвонот гӯяд?

Аввал бояд худамро ва баъдан атрофиёнро дарк намоям. Шояд ман чандон боварӣ надорам, ки одамонро ба пуррагӣ чӣ тавр дарк намоянд. Шояд рӯзе расад, ки каме ислоҳ шавад?

пешина
аз 213
навбатӣ