Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
равонда, моро аз ин рӯзамон бадтар накунӣ», гуфта ҳазлу шӯхӣ мекарданд.
— Ба ин сӯ биё, ман дар ин ҷо,— гуфтам.
— Э, ин шумоед, рафиқ командир!
— Ман хеле хурсандам, дӯстам,— гӯён дасти пуркуввати Иванро фушурдам.
— Э, рафиқ, командир, охир моро ҳам намонданд-дия. Найзаҷанг сар шуда рафт. «Акнун навбати ту ҳам омад» гуфтанду моро ҳам тела-тела карда фиристонданд,— гуфт Иван афсӯсомез сар ҷунбонда.— Бинам, ки занозании даст ба гиребон барин, ҳа Иван гуфтам, мана акнун навбати ту ҳам омад, канӣ як зӯратро нишон деҳ. Худатон медонед-ку, «ин паҳлавони сари деги ош фақат барои шикамсеркунӣ омадагӣ» гуфта, моро таънаю маломат мекарданд. Тоқат надоштам, ки ба сари дег равам...
Дар ҳақиқат, Иван, дар шаклу шамоил монанд надошт. Командири ротае, ки ӯ хизмат мекард, рӯзе ба ман гуфт:
— Мо як Полтора-Иван дорем. Милтикпарронии он тараф истад, милтику оташковро фарқ карда наметавонад. «Маро ҳар қадар кори вазнин бошад фармоед, мегӯяд, лекин аз милтик даҳон накушоед. Лекин шикамамро ҳам фаромӯш накунед». Ҳақиқатан, милтик дар дасташ бозии бачаҳо барин. Аммо як сатил хӯрок диҳӣ ҳам, ту дидию ман надидам мегӯяд. Ҳамчун одам — тилло. Чӣ кор карданамро намедонам. Дар военкоматҳо аҷаб одамоне менишинанд-дия. Охир, инхелаҳоро ба батальони коргарӣ фиристондан намешавад? Ду баробари Алексей Стаханов кор мекунанд.
Дар лавҳи хотирам Шарифбой Мерганов (ё Мерганбой Шарифов)-и ӯротеппагӣ пайдо шуд. Ӯ ҳам чун Полтора-Иван қоматбаланду бузургҷусса, вале камгапу ниҳоят соддае буд. Дар батальоне, ки ҳамроҳ хизмат мекардем, ҳама ӯро бародари Рустами Достон меномиданд. Ӯ ҳам монандӣ Полтора-Иван аз милтиқандозӣ бенасиб буду вале аз ҳеҷ як кори вазнин рӯй намегардонд.
Мувофиқи қоидаи ҳарбӣ духтурҳо ба ин гуна одамон дуҳиссагӣ норман хӯрок муайян мекарданд. Дар хотир дорам, ки рӯзе навбатчини масъули ошхона будам. Бародари Рустами Достон наздам омаду гуфт:
— Ако, мабодо обкашонӣю ҳезумшиканӣ бошад, ба ман фармудан гиред.
Айнӣ муддао гардид. Вақт мегузашту ҳанӯз на об тайёр буду на ҳезум.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё