Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Нағз кардед, омадед, — гуфтам хурсанд шуда, — ман боз чор нафар ёрдамчӣ чеғ мезанам. Мана ин бақҳоро бо об пур карда, ана вай хезумҳоро бо тезӣ кафондан лозим. Ҷои об дур, хезум бошад сахт. Як зӯри ҳайдарӣ назанед, хӯрок дер мемонад.

— Хӯб, — гуфт Мерганбой.

Ротаи мо дар ҷои дуртар машқ мекард. То ман ба ҷои машқкунӣ расидаму чор нафарро ҳамроҳи худ гирифта омадам, хеле вақт гузашт. Вақте ба ошхона баргаштаму ангушти ҳайрат газидам. Мерганбой хезумҳо ҳам кафондааст, бақҳоро ҳам пур кардааст.

— Қанд зан, Мерганбой, — гуфтам завқ карда.

Рӯзи якуми бо Иван шинос шуданам Мерганбойро ба хотир оварда ҳар дуяшонро хаёлан ба ду паллаи тарозу гузошта будам. Зувораи ҳар дуяшонро як хел гирифта будаанд. Қадду қомати баланд, китфони васеъ... Камгапӣ, соддагияшон низ монанд. Мерганбой ҳам монанди Иван «ҳар чӣ қадар кори вазнин бошад, фармоеду аз милтиқ гап назанед» мегуфт.

Қисми мо дар эшелони дуюми фронт мерафт. Эшелони якум ҳар чӣ қадар пеш равад, мо ҳам дар масофаи муайян аз паси вай пеш мерафтем. Баъзан тез-тез кӯч-кӯч мекардем, баъзан як-ду рӯз дар як ҷо истода мемондем. Дар ин гуна мавридҳо заминканҳо мекофтему ба ҷанговарон шароити мӯътадили дамгирӣ муҳайё месохтем.

Командирони взводҳо, отделенияҳо барои ҳар як отделения ҷои заминкан интихоб менамуданд. Баъзеҳо барои рон кофтани чуқурӣ сар карда бошанд, баъзеҳо барои болопӯш шоҳу чӯб тайёр мекарданд. Касони дигар бо сардории старшинаи рота асбобу анҷом ва хӯрокворӣ, тиру захираҳои пулеметро кашонда, ба ҷои махсус ҷо ба ҷо мегузоштанд.

«Як-ду, бардоштам! Як-ду, бардоштам!» — шунида шуд аз қафои баландӣ. Гумон кардам, ки чӯби вазнинро бардошта истодаанд. Дертар хабар доданд, ки мошини пур аз бор ба лой ғӯтидаасту мотораш аз кор баромадааст.

— Барои чӣ зӯри беҳуда мезанед? — пурсидам аз чор нафар, ки ба обу арақ ғӯтида, мошинро тела медоданд, — Моторро дуруст кардан даркор. Мошин дар роҳ намемонад-ку. Бояд зуд баргардад.

— Роҳро тезтар холӣ кардан лозим, рафиқ командир, — гуфт старшина, — ҳозир фургонҳоямон меоянд.

— Поршен сӯхтааст, рафиқ командир, ба ин назди-

пешина
аз 323
навбатӣ