Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Агар ҳамон солдат наояд, зинда мондани шумо ҳам гумон будааст-дия, дӯстам. Кӣ, аз кадом қисм буданашро шумо намедонед?

— Фақат ҳаминаш дар хотирам ҳаст, ки, — гуфтам, — миёнақад, аз рафтораш чолоку чаққон буд. Дар китфаш автомати ППШ дошт. Ба назарам, бо кадом супорише ба куҷое мешитобид.

— Албатта, аз қисми худамон, ҳеҷ набошад, аз ҷанговарони ҳамон полк ва ё ҳамон дивизия. Ёфт мешавад, — чизе ба хотираш омадагӣ барин шуда, лейтенант ангушташро ба лаб бурд-у ба рӯи ман нигоҳ карда пурсид: — Истед, ки қадпасту чолоку чаққон гуфтед? Овозаш на ғафсу на борик-а? Тахминан бистсола?

— Ба назарам ҳамин тавр буд. Лекин солашро гуфта наметавонам.

— Мумкин робитачии командири роҳаки сеюми мо бошад. Ман ӯро мешиносам. Номаш чӣ буд-дия. Ҳа, номаш... оббо, сабиле...

Ман ба ҷавоби лейтенант мунтазир шудам. Афсӯс, ки оҳу нолаи лейтенанти малламӯй баланд шуду ӯро аз нав ба хонаи ҷарроҳӣ бурданд. Барои чӣ бошад, ки ӯ низ барнагашт.

ПОЛТОРА-ИВАН

Аз дари брезентии госпиталь аввал Қиркунандае намоён гардид.

Баъди Қиркунанда комати хеле баланду китфҳои васеашро хаму рост карда, азамате дохили бино шуд, чашмони ҳамаи беморони ноҷунбон бо ҳайрат ба ӯ дӯхта шуданд. «Боз Полтора-Иван набошад?» — аз дил гузаронидам. Берун хеле тира буд, барфи лаклакӣ меборид. Аз ин сабаб шахси дохилшударо дарҳол шинохтан душвор буд. Ҷеғ занаму шахси дигар бошад? Охир, дар ин рӯзҳо чанд кас медарояду мебарояд. Дар дунё магар одамони бузургҷусса каманд? Дере хомӯш истодам. Охир, ҳисси кунҷковнам ғолиб омад. Хайр, гуфтам, аз ман чӣ меравад, аз карнайчӣ як луфт-дия.

— Иван! — садо баровардам. Овозам ба гӯшаш шинос расид магар, чашмони калон-калонаш чалак-палак шуда, ба рӯяш хушҳолӣ дамиду як-ду қадам пештар омада, ҳайрон монд. Ҳама ба ӯ бо ҳайрат менигаристанд. Баъзе ярадорони сабуктар «Солдати сетоннагӣ-ку», «Сал саратро ҳамтар кун, бародар, боз ҷодарро фурӯ

пешина
аз 323
навбатӣ