Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ту асанӣ бошӣ, ман ҳам асанӣ. Ту ярадор бошӣ, ман ҳам ярадор, — паст наомад ярадори лоғар. — Аммо ту аз даҳшати дард асабӣ мешавӣ, ман аз зиёнрасонии душман.

Ярадорони андак сабук, ҳатто ҷавоби аз ҷоғи ӯ кимобгашта ҳам хандиданд. Ӯ боз баландтар, ҷиддитар гап мезад. То даме ки ҳамшираи тиб надаромад, ярадори лоғар хомӯш нашуд.

— Духтари нағз, чӣ шуд, — ба ҳамшираи тиб рӯ овард ярадори лоғар, сарашро бардошта, — Ба ягон ҷой зарар наовардааст?

— Кӣ?

— Кӣ мешуд? Бомбаандозҳои душман-дия. Ҳамин қадар гумбур-гумбур шуду...

— Бомба меафтаду зарар намешавад магар? — гуфт ҳамшираи тиб. — Чанд ҷой аланг гирифта истодааст.

— Аблаҳҳо! Хайр, нигоҳ карда истод, охир, чунон боб кунем, ки ба ҳафт пушташ бас кунад, — давом намуд ярадори серманах ба болинаш сар монда. — Ба ҳар ҳол душмани маккор ва ғаддор. Ҳамту не?

— Хайр, акнун бас кун! — гапи одами серманахро бурид қаҳромез, ярадори дар паҳлӯи росташ буда.

— Ман ба ту гап назадаам, — гуфт серманах ва каме хомӯш истода, боз давом намуд: — Душман андак-мандак не. Иқрор шудан даркор. Охир, давлати мо — давлати ҷавон. Ҳоло акнун қоматашро рост мекард. Ҳа, акнун!

Душман-чӣ? Вай пештар тараққӣ кардагӣ. Ба техника бойтар. Чандин сол ин ҷониб фақат барои ҷанг тайёрӣ мебинад. Мо чӣ? Бисёртар ғами халқамонро хӯрдем. Албатта, хавфи ҷангро ҳам фаромӯш накардем, тайёрӣ дидем. Лекин барои ҳуҷум не, барои мудофиа тайёрӣ дидем. Ба ҳар ҳол дурусттар тайёрӣ дидан лозим будааст-куя... Ҳеҷ гап не, ин ҷанг мактаб мешавад. Минбаъд корамонро дониста мекунем.

— Хой, бас мекунӣ ё не?!

— Нахоҳӣ, гӯш накун. Ё ба ҷоғи ман каравулӣ ту? — ярадори серманах худ ба худ дар зери лаб ким-чиҳо ғур-ғур карду хомӯш шуда монд. Ҳамшираи тиб барои уколкунӣ омада, назди ӯ нишаст, ва часта аз ҷояш хеста, гуфт:

— Бечора...

Солдати ношинос аз хотирам намерафт.

Шиносам — лейтенанти малламӯй ба ман рӯ оварду лабҳои парсинг бастаашро лесида гуфт:

пешина
аз 323
навбатӣ