Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

нагирам, бар намегардам. Охир, падарамро фашистон азоб дода куштанд.

Аъзоёни комиссияи тиббӣ ба ҳамдигар саволомез нигаристанду бо як овоз гуфтанд:
— Бигузор ба мақсадаш расад!
— Ана ҳамин хел карда, дӯстам, ба қисми худамон баргаштам. Дар штаб ҳам маро ба кори сабук мемондагӣ шуданд. Розӣ нашудам. Тавалло кардам, ки ҳеҷ набошад, командири взвод таъин кунед. Командири ротаи худамон қаҳрамонона ҳалок гардидааст, маро ба ҷои ӯ таъин карданд. Мана, ин тарафаш ҳамин хел шуд. Худатон медонед, ҷангҳои сахт шуданд. Ман ба ҷанговарамон қоилам.

Оре, ин тарафашро ордени Ситораи Сурх, ки сари синаи ӯро оро медод, баён мекард.
— Хӯш, дӯстам, — чашмони камнурашро ба сӯи ман дӯхт лейтенант, — баъди ҳамон воқеа шумо куҷо будед? Дар кадом госпиталҳо хобидед? Боз кай ба фронт омадед?

Ман воқеаро аз як сар, вале мухтасар баён карда, лаҳзаи охирини дар майдони ҷанг мондани худамро гуфтаму дар бораи солдати ношиносе, ки маро наҷот дод, афсӯсхӯрон сухан рондам.

Ҳар ду чанд дақиқа хомӯш мондем. Вақт аз нисфи шаб гузашта, даробарои одамон барҳам хӯрда буд.

Чӣ хеле ки оби хунук резад, дег аз ҷӯш мемонад, ғурриши даҳшатноки самолётҳои душман баланд шуду палата ҳам якбора хомӯш гардид. Дере нагузашта садои афтидану таркидани бомбаҳоро шунидем. Бомбаҳо андак дуртар таркиданду палатаи мо зараре надод.
— Аблаҳҳо рафтанд, — сукунатро вайрон кард ниҳоят ярадори лоғари серманах, ки ҳангоми гиря ҳам гап мезад, ҳангоми ханда ҳам. — Лекин ҳамаро валангор карда рафтанд-дия. Чанд кас нобуд шуда бошад? Ба хаёлатон зормондаашро ба куҷо партофта бошад-а? Ягон кас меомад, мефаҳмидем. Албатта, ягон кас меояд-куя. Ҳамшираи тиб куҷо шуд-а? Ё ба мурғхона ҷо шуд-ми?
— Ин қадар чоғ заданӣ? — бетоқат шуд ярадори дар паҳлӯяш хобида.
— Чӣ, ман барои гап заданам аз ту пул пурсида истодаам магар? — нимхез шуд одами серманах, — Даҳони худам, забони худам, ба ту чӣ? Ё ман ҳуқуқи гап задан надорам?
— Ҷоғи ту, ки кушода шуд, дарди ман авҷ мегирад. Мефаҳмӣ?!

пешина
аз 323
навбатӣ