Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ба милисия бурд. Дар рӯшноӣ ба ман бодиққат нигариста, хандид ва шинохт:

— И-е, Офат, аблаҳ ин туӣ?! — ба гарданам якто зада монд. Ин «президент»-амон будааст. Ҳайрон шудам, ки чаро ин дар либоси қурқунии милиция. То ки дигарон набинанд, маро ба хонаи дигар гирифта даромад.

— Ба колония рафтаҳо ҳама одам шуда рафтанд, — гуфт ӯ, — маълум мешавад, ки ту ҳанӯз аҳмақӣ карда гаштаӣ. — Ба погонаш ишора кард: — Дидӣ? Агар виҷдон дошта бошӣ, аз баҳри оворагардӣ баро. Ҳозир ҷанг. Ватан дар зери хавф. Ариза деҳ, ба фронт рав. Душманро кӯб. Худатро сафед мекунӣ.

Ӯ маро ба хонааш бурд, зиёфат кард. Либоси тоза дод. Пӯшидаму рост ба военкомат рафтам... Ин тарафаш ба шумо маълум. Лекин се рӯз ин ҷониб дар гауптвахта хобида, фақат фикр кардам. Ман аз дигарон чӣ камӣ дорам? Барои чӣ ман дигарон барин рафтор карда наметавонам? Наход дар ман виҷдон набусад? Охир, ман ғайр аз ҳамин Ватан кӣ ва чӣ дорам? Мебахшед, ман гапро дароз кардам, вақти қимататонро гирифтам. Акнун иҷозат диҳед, як донаи дигар аз папиросатон гираму равам.

— Марҳамат, — қуттии «Беломор»-ро наздиктараш тела додам.

— Акнун рафтан мумкин? — даст ба чакка бурд.

— Куҷо меравӣ? — барои озмоиш пурсидам.

— Рост ба «штрафной» меравам, бо ихтиёри худ меравам.

— Дар ҳамин ҷо мемонӣ. Ба ман ординарец (дастёр) мешавӣ, — гуфтам.

— Чӣ гуфтед?!

— Ҳо, ана вай зарфҳоро гиру хӯрок биёр. Он тарафашро баъд гапзанон мекунем...

Аз ҷамъомади офицерон баргаштам. Заминкан чунон ба тартиб омадааст, ки гӯё дасти зани озодае расида бошад. Мӯзаамро пок карда, гимнастёркаамро шустааст. Мизи хӯрокхӯрӣ ва ба атрофаш ҳаракҳо сохтааст. Атроф ҳамвор, ҳама ҷо рӯбучин кардагӣ, об пошидагӣ. Аҷаб дилкаш шудааст, заминкани мо.

— Маро мебахшед, лейтенанти калон, — узрхоҳона сар ҳам кард Офат, — дар ин ҷо маҳорка будааст, бе иҷозати шумо кашидам.

пешина
аз 323
навбатӣ