Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Папирос ҳам буд-ку.
— Папирос суст. Ба ман махорка беҳтар.
— Ихтиёрат.
Ба ҷону ҳолам намонда, ба кашидани либосам ёрӣ расонд, ба наздам як кружка чойи доғ монд ва лабашро инҷ карда гуфт:
— Аз таги по пул ёфтам. Ба назарам афтонда рафтед. Таҳ карда, ба планшеткаатон андохтам.
— Чанд пул будааст?
— Нафаҳмидам.
— Нафаҳмидӣ? Магар дилат қаноат кард? — озмоишкорона кирраи чашм дӯхтам. — Дар ин корҳо ту «таҷриба»-и калон дорӣ-ку?
— Ҳа-а, фаҳмидам, — сурх шуд ва хандид Офат, — маро озмуданӣ шудед-а? Ҳамин тавр не, рафиқ лейтенанти калон? Имтиҳон кардед-а?
— Не-е, медонам, ки ба ту ҳам пул даркор не. Афтондаам, — худро ба нодонӣ задам.
— Акнун тамом. Дигар такрор намешавад. Аз баҳри лақабам ҳам баромадам. Илтимос, дигар маро «Офат»
гуфта чеғ назананд.
— Ҳамаро мон, ки номи аслӣат чӣ?
— Александр. Александр Краснов.
Овози дағали старшина риштаи сӯҳбатро бурид. Ҳамеша ӯ ба заминкан наздик нашуда, ғурбаташ гӯшҳоро ба қомат меоварад. Медонистам, ки боз аз «байт»-и хошок ҳарф мезанад, пешгирӣ кардам:
— Дирӯз ҳам ба ҳамин аҳвол вохӯрда, аз деҳа ёфта будем, — ба хотираш овардам. — Чӣ мешуд, ки худатон равед ё ягон ҷанговари корчаллонро фиристонед?
Зарур бошад собун диҳед, намак диҳед, иваз карда меояд.
— Ман равам мумкин? — гуфт Офат.
— Чӣ? Ту? Гургро ба рамаи гӯсфанд чӯпон карда фиристонам? Ҳай-ҳай-ҳай, — норозӣёна сар ҷунбонд старшина, — намаку собунро ҳам фурӯхта хӯрию аспҳо аз гушнагӣ пой дароз кунанд? Ман аҳмак нестам.
— Агар наоварам, маро парронед!
— Чӣ сонатро мепарронам? Аслашро пурсӣ, ба ту як тир ҳам ҳайф, — рӯй тофт старшина.
— Акнун натарсед, бовар кардан гиред, — гуфтам ба старшина. — Офат вай Офати пештара нест, — ҳазломез илова кардам: — Александр. Александр Невский!
— Акнун номи Александр Невскийро ҳам ҳаром мекунад гӯед-чӣ?

пешина
аз 323
навбатӣ