Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
... Баъд фаҳмидам, ки падарамро кулакҳо куштаанд. Модарам ҷавон будааст. Маро ба модаркалонам партофта, шавҳар карда рафтааст. Хурд будам, дуруст намешинохтам. Ман ӯро фақат як бор дидам. Шабона омада хобид, субҳи барвақт рафт. Дигар надидам. Модаркалонам гуфт, ки модарат пул монда рафт. Чанд рӯз нагузашта, хабари нохуш омад: модарам ба дарё ғарқ шудааст. Модаркалонам маро оғӯш карда, шабу рӯз гиристан гирифт. Бемор шуда монд. Ба хӯрдан чизе надоштем. Ҳамсояҳо хӯрок медоданд. Баъзан онҳо намеомаданд, худам нон дуздида меомадам. Модаркалонам вафот кард. Ҳамсояҳо гӯронданд. Дар ҳавлии калон танҳо мондам.
... Василий-амак маро ба интернат бурда монд. Маъқул нашуд, гурехтам. Ба дигараш бурд, аз ваяш ҳам гурехтам. Не, мебахшед, нагурехтаам. Бо Коля ном бача ошно шудам. Ӯ бачаи серпул буд. Ҳар рӯз ғайб мезад. Нисфи шаб омада мехобид. Баъзан тамоман намеомад. Ба ман қанд медод, ки ба касе даҳон накушоям. Чанд бор колбасаю нони сафед ҳам овард. Маза карда мехӯрдем. Рӯзе гуфт, ки ба як ҷо меравем. Хуб гуфтам. Рафтем. Ба подвали хонаи вайронае даромадем. Ҳафт-ҳашт бачаи сарлучу либосҳои чанда пӯшида дар атрофи ҷавони борику рӯйдароз гун шуда, шӯхиҳои бемаънӣ мекарданд. Баробари даромадани ман яке аз онҳо ҳуштак кашид. Ҳама ба сӯи мо бо тааҷҷуб нигаристанд. Ҷавони борик «президент»-ашон будааст...
— Иҷозат диҳед боз як папирос кашам?
... Хулласи калом, маро ба сафашон қабул карданд. Чанд рӯз кисабуриро машқ доданд. Тез ёд гирифтам, аз «имтиҳон»-ҳо гузаштам. Саҳл вақт нагузашта аз ҳама зӯртар шудам. Ба ман лақаби «Офат»-ро доданд. Дигар ба интернат нарафтам. Ҳар рӯз ба «шикор» мебаромадем. Оварда ба «президент» месупоридем. Ба мо «музди хизмат» медод. Як қилиқи қизиқ ҳам дошт ӯ. «Ғанимат»-ҳо зиёд бошанд, ба камбағаҳои сербача тақсим карда медод. Рафта-рафта корамон барор накард. Охир ҳамаамонро дошта, ба колонияи бачаҳо бурданд. Ман гурехтам. Танҳо амал кардам. Лекин панҷ маротиба ба даст афтодам. Ҳамеша фириб карда мегурехтам. Ду маротиба ҳабс шудам. Тавба кардам, нашуд. Боз сар кардам. Замони ҷанг омад. Ҳама кампул. Фақат сумкаи занҳои офицеронро гирифта мегурехтам. Ин ҳам нашуд. Ба роҳзании шабона гузаштаам. Лекин шаби якум ба даст афтодам. Сержанти лоғару дароз ба буни гарданам зада-зада,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё