Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аллакай мақбули ҳама шуда тавонист. Зеҳнаш тез будааст, дар зарфи як ҳафта пулемётчии моҳир ҳам шуда монд. Хурсанд шудам. «Хайрият, — гуфтам дар дилам, — аз лафзаш нагашт. Вагарна дар назди дигарон шарманда шуда мемондам».

Ҳамагӣ як моҳ гузашт. Баробари рафтанам командири взвод лейтенант Фролов ба ҳасрат даромад.
— Ин Офаташ дар ҳақиқат офати ҷон будааст, — афсӯсхӯрон сар ҷунбонд ӯ.
— Ҳа, чӣ шуд? Боз бемазагӣ кард? — ҳайрон шуда пурсидам.
— Бемазагӣ ҳам гап-мӣ? Дузд будааст, дузд. Ҳамаро ба дод оварда истодааст.
— Наход?
— Имрӯз чизи инаш гум мешавад, фардо чизи ваяш. Чунон устокорона мегирифтааст, ки бехабар мемонед. Аз афташ кисабури касбӣ барин. Беҳтараш ягон фалокат нашуда аз мо гиретон. Ба мо ин хел одам даркор не, — даст афшонд Фролов.
— Дар ҳақиқат дузд буданашро аниқ кардетон?
— Рӯзе ман стволи эҳтиётӣ надорем гуфта будам. Заҳра нигоҳ дорем, баъд сарсон намешавем. Пагоҳ бинам, як ящик стволи пулемёт. Аз куҷо пайдо шуд гӯям, ҳама ба Офат ишора карданд. Намедонам, аз куҷо дуздида бошад. Ана, баъди ҳамин фаҳмидам, ки ҳамааш кори ҳамин. Илтимос маро аз ҳамин бало халос кунед.

Офатро чег зада, «Акнун ба штрафной мефиристонему тамом» гуфта, таҳдид кардам. Аввал ба гарданаш нагирифт. «Бо дасташон доранду маро парронанд ҳам майлаш» гуфт. Чунон моҳиронаю айёрона гап мезад, ки ба гапи дурӯғаш ҳам бовар мекард кас.

Маҷбур шудем, Офатро ба взводи дигар гузаронем. Дар давоми ду моҳ қариб ҳамаи взводҳоро давр зада баромад. Аз баъзе взводҳо дуборӣ ҳай карданд. Ғайр аз чораи охирин дигар илоҷ намонд.

Дар заминкани ҳамаку ғамак фақат ҳар дуямон. Иҷозат додам, ки дар рӯ ба рӯям шинад. Бигузор, гуфтам, дилашро холӣ карда гирад.
— Ман иқрор. Ба ҳамааш иқрор. Ҳақиқатан шуморо ҳам фиреб дода будам. Ба ман ҷазои сахт бинед. Ман ислоҳ мешавам ё не, худам ҳам намедонам. Иҷозат диҳед, як папирос кашам...

пешина
аз 323
навбатӣ