Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

шуданам пойҳояшро баҳам зада, ҳамоно ҷиддӣ шуд ва даст ба чакка бурд. Даст афшондам. Аз нӯғи ботинкааш то тоскулоҳаш бодиққат синча кардам. Сарулибосашро хеле тозаю озода ва саришта мепӯшидааст.

— Ё қаҳрамонӣ, ё штрафной! — бо овози таҳдидомез гуфтам ниҳоят. Ӯ сарфаҳм нарафт, беором туф фурӯ додан гирифт. Баъд пурсидам:
— Фаҳмо?
— Ман... Ман маънои гапатонро нафаҳмидам, рафиқ лейтенанти калон, — узрхоҳона китф дарҳам кашид Офат.
— Вақто ки нафаҳмидӣ, пас ҷои ту ин ҷо нест! — гуфтам чашмонамро ба рӯяш сих карда. — Ҷои ту кони ангишт. Дар фронт одами бекора нест, ки аз паси ту овора шавад. Ҷанговарони мо барои душманкӯбӣ омадаанд, на барои посбонии муфтхӯрон!
— Ман ҳам барои душманкӯбӣ омадаам, рафиқ лейтенанти калон. Ариза дода бо ихтиёри худ омадаам.
— Ҳеҷ монанд нестӣ-ку.
— Санҷида бинед.
— Хоб, аз омаданат чанд вақт гузашт?
— Қариб се моҳ.
— Чанд вақт дар хатти якум шудӣ?
— Ду ҳафта. Балки зиёдтар.
— Ҳисобат чандто?
— Чӣ хел ҳисоб?
— Чандто душман куштӣ мегӯям.
— Ягонто не.
— Иқрор шав, ки барои муфтхӯрӣ омадай ту ба ин ҷо! Одамон барои Ватан ҷон нисор карда истодаанд.
— Мебахшед, рафиқ лейтенанти калон, охир ба ман имконият намедиҳанд. Ба разведка фиристонед гӯям, бовар намекунанд.
— Дуруст мекунанд!
— Илтимос мекунам, шумо ба ман бовар кунед. Душвортарин вазифаро супоред, хурдтарин гуноҳ кунам, аз даҳонам парронед.
— Дар ҳамин гапат меистӣ?
— Ба виҷдонам қасам мехӯрам!

Ба рота Офатро бо шартҳои вазнин қабул кардем. Азбаски пулемётро намедонист, тиркашон таъин кардем. Рӯзҳои аввал хеле нағз хизмат кард. Командири отделения таъриф кард, ки Офат бачаи гапдаро, хушфеълу хушгуфтор.

пешина
аз 323
навбатӣ