Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

фронт фиристонданд? Дар ҳамон ҷо ба бугуми гарданаш зада кор фармоянд намешавад?

— Мумкин дар он ҷо ҳам безор шуда бошанд?

— Безориҳоро бо меҳнати вазнини ҷисмонӣ тарбия кардан даркор, на дар фронт. Ба ин ҷо фақат одамони поквичдонро бояд фиристанд. Ғалабаро ҷанговарони ҳақиқӣ таъмин мекунанд, ҳамту не?

— Гапатон маъқул. Лекин...

— Ба ротаат гир, як илоҷ карда, маро аз ҳамин бало халос кун, ҷӯраҷон,— илтиҷо кард политрук.

— Аз бало худатон халос мешававеду сари маро гаранг мекунед? Беҳтараш рапорт нависед, ба штрафной фиристанд.

— Як бор шумо гирифта бинед, нашавад, ҳамин тавр мекунем. Ба ҳар ҳол шумо аз ман дида кӯҳнатар, таҷриба доред.

— Хайр, як зӯр зада мебинем...

Фурсате нагузашта аскари хушкаду комате омад, ки китфҳояш васеъ, дастонаш пуркувват. Чӣ хеле ки мегӯянд, аз ҷумла кӯҳро занад талқон мекардаҳо. Афту андомаш ҳам чор кас диданӣ. Худро чунин вонамуд кардам, ки гӯё хаёли гап задан ҳам надорам бо ӯ.

— Рафиқ лейтеманти калон, ҷанговар Краснов ба ихтиёри шумо омад! — бо одоби томи муқаррарӣ даст ба чакка бурд.

— Вольно! — қавокамро гирифта, монандӣ харидори дудила хеле синча кардаму ҳарфе назадам. Як-ду қадам қафо гашта, болои кундае нишастам, аз киса тамокухалта бароварда, ба қоғази нафис сигарет печондам. Гӯгирд даргиронданӣ шудам, яке аз паси дигаре задаму дарпагирифт. Бо ғазаб ба қафо ҳаво додам.

— Иҷозат диҳед, рафиқ лейтеманти калон...— аз кисааш «Катюша» (чакмоқ) баровард, хост даргиронад. Азбаски ман эътиборе надода, даст ба кисаи дигар задам, дар хиҷолат монд ва «Катюша»-ашро оҳиста ба киса андохт. Сигаретро бо зажигалка гироинда, дурудароз кашидам. «Афташ одами дуппа-дуруст барину наход аз ҳамин бадӣ барояд? — аз дил мегузаронидам.— Мо ҳам саришта карда натавонем чӣ мешавад? Лекин... аз ҷавонҳои шӯх ҷанговарони далер мебароянд-дия...»

Краснов аз рафторам дар ҳайрат монд. Чашмони осмонирангаш милт-милт мекарданд, дароз-дароз нафас мекашид, пояшро тез-тез бардошта мемонд. Маълум аст, ки аз рост истодан пояш ба дард омадааст.

Аз ҷой хеста, сӯи ӯ қадам задам. Баробари наздик

пешина
аз 323
навбатӣ