Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Кани, вай хоболудро ёб, як дурустакак табrik кунем, — гуфт капитан, ва илова кард: — «Ту бандаи хоб» гуфта, мазаммат кунему қаҳрамониашро нагӯем, нағз намешавад. Ба корнамоиҳояш қоил шудан даркор. Ҳа- мин тавр не?

— Рост, ҳамаи вазнинӣро взводи ӯ ба зимма гирифт. Корнамоии худаш ҳам лоиқи мукофоти муносиб.

— Махсусан, дар ҳамин операция кор дод, — тасдиқ намуд капитан. — Умуман, бачаи аҷоиб. Ба ордени Бай- раки Сурх пешниҳод мекунем. Ҳозир дар куҷо бошад?

— Нав дар ҳамин ҷо буд, ба куҷо ғайб зад-дия.

— Рафтем, хӯрок хӯрда истода бошад даркор.

— Лейтенант Фёдоровро надидӣ? — пурсидам аз ҷан- говаре.

— Ҳо, дар он хонаи вайрона хӯрок мехӯранд, — гуфт ҷанговар.

— Барои чӣ дар хонаи вайрона?

— Шояд муштро дар торикӣ занад? — хандид ком- бат.

Ҳанӯз ба хонаи вайрона наздик нарафта, хурраки ба- ланд ба гӯш расид. Фёдоровро масти хоб дидем. Ӯ дар наздаш қуттии кушодаи консерваю дар дасташ қошуқ якпаҳлӯ мехобид. Маълум мешавад, ки фақат як-ду қо- шуқ хӯрок хӯрдаасту бо ҳамин оламро фаромӯш кар- дааст. Ман хостам, ки бо шӯхине бедораш кунам.

— Мон, мон, ташвиш надеҳ, — гуфт капитан бо ово- зи нарм. — Бигузор роҳат кунад, бечора. Дар вақти ор- денсупорӣ бедор мекунем....

ОФАТ

Рӯзе политруки ротаи сеюм наздам омаду илтимос кард:

— Ҷӯраҷон, як нағзӣ кун.

— Майлаш, агар аз дастам ояд...

— Як солдати ланҷ дорем. Ӯро ҳама Офат меноманд. Дар ҳақиқат офат. Ростӣ гап саришта карда натавонис- там. На гап кор мекунад, на ҷазо. Ягонтааш парронда напартояд гуфта метарсам. Аблаҳ дар як взвод се рӯз ҳам намеистад. Тӯп барин аз ин взвод ба он взвод гелидагеш гелидагӣ.

— Шояд ягон хислати бад дошта бошад? — пурсидам.

— Э, хислаташ сарашро хӯрад, — даст афшонд полит- рук. — Ҳайронам, ки барои чӣ ҳамин хел пусхаҳоро ба

пешина
аз 323
навбатӣ