Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
серкор карда монд. Пай бурдан душвор набуд, ки душман нияти ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузаштан дорад.
Одатан, баъди бомбаборони тайёрии артиллерии душман аввал танкҳо, аз паси онҳо аскарони пиёдаашро пеш меронд. Капитани зирак Малинин, ки «мизоҷи» душманро хеле нағз медонист, ба ёрӣ батареяи тӯпчиёнро даъват кард ва ротаи зиддитанкиро ба мавқеи созтар ҷойгир карда, худаш ҳам аз назди онҳо дур нарафт.
Интизорӣ дер накашид. Душман аз осмону аз замин тирборонро сар карду чанд дақиқа нагузашта, шаш танки миёнаро пеш ронд. Вале ба муқобилияти сахт вохӯрд. Танкҳо аз нисфи роҳ нагузашта, паси ҳам аз кор мебаромаданд. Ҳатто кадом як ҷанговари беқарори ротаи дуюми тирандозӣ ба муқобили танки оянда гавак кашида рафта, онро даргиронд. Ҳамин тариқ, фақат ду танк тавонист, ки ақиб гурезад.
Шояд боиси ин мағлубият буд, ки душман ҳуҷумро давом надода, таҳтаю тиракро гундошт.
Аз фурсати мувофиқ истифода бурда, ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузаштем. Бо мадади «Катюша» тӯпчиёни диловар замину замонро ба ларза оварданд. Баробари он ки командаи «Ба пеш!» дода шуд, ҳама ба пеш ҳамла оварданд. Қариб то се километр муқобилият ҳам надидем, ягон тир ҳам напаррондем. Фақат, ҳангоме ки ба пункти аҳолинишини муҳим расидем, гитлерчиён муқобилият нишон доданд. Баъд аз он ки самолётҳо ва тӯпчиёни мо истеҳкоми душманро зада торумор карданд, мавҷи «Ура!» баланд шуду аз чор самт ҳуҷум ба деҳа сар шуд...
Мо дар оғӯши пункти муҳими аҳолинишин. Ҳамдигарро ба оғӯш мекашем, бо ғалаба табрик мекунем. Хурсандии ҳадду канор надорад. Оҳанги сантӯри солдатӣ ҷарангос мезанад, сурудҳо ба гӯш мерасанд. Оҳ, чӣ хел хуб аст базми ғалаба!
Вале ин ғалаба ба осонӣ ба даст наомад. Мо қариб аз нисф зиёди қувваҳои худро талаф додем. Азаматҳоеро аз даст додем, ки дар зарфи ҷанги якмоҳаи ниҳоят сахт борҳо корнамоиҳои бемисол нишон дода буданд. Барои мо ниҳоят аламовар буд, ки Максим Широков, Резников, Аникин барин пулемётчиёни номӣ, қаҳрамонони ҳақиқӣ аз нашъаи базми ғалаба маҳрум гаштанд!
Баъд аз он ки деҳаро ишғол кардем, қӯшунҳои нав ҷои моро иваз карда, душманро таъқибкунон пеш рафтанд. Мо ҳамроҳи капитан аскарони боқимондаро аз назар мегузаронидем, дасти ҳар якеро ба муносибати ғалаба сахт фишурда, ташаккур баён мекардем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё