Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

гап, дар обдони ҳар дуямон ҳам арак буд. Ман бо корди «финка» қуттии консерви моҳӣ мекушодам. Фёдоров, ки бо супориши капитан пулемётчиёни взводашро ҷо ба ҷо карда, назди мо омада буд, бо белчаи оҳанин нони метин барин ях кардаро пора мекард. Он рӯзҳо нон чунон ях мекард, ки то дар болои олав гарм накунӣ, хӯрда намешуд.

Ба кружкаҳои солдатӣ арак рехта, ҳар се барои ғалабаи имрӯза ва оянда қадаҳ бардоштем.

— Хӯш, бандаи хоб, — ба Фёдоров рӯ оварда ва масхараомез шинели васею нозеби ӯро кашола карда монд капитан, — ин кафани кадом фриҷи лаънатиро пӯшидӣ? Канӣ, акнун гап зан. Хайрият, ин туро андохта напартофтааст.

— Барои ҳамин зуд дастамро бардоштам, — дар зери лаб хандид Фёдоров, луқмаи моҳиро ба даҳан андохта.

— Чӣ тавр фаҳмидӣ, ки мо меоем? — пурсидам ман.

— Кай медонистӣ, ки мо аз ин сӯ мегузарем ё не? — пурсид капитан.

— Боварӣ доштам, ки аз ман, албатта, ҳавотир мешаветон, кофтуков мекунетон.

— Ҳух-хӯ-ӯ, саркомандадеҳ шаву рав-е! — ҳазл кард капитан. — Ҳамин қадар қадрат баланд будааст, ки тамоми батальонро монда туро кофтуков мекардем.

— Шояд саркомандадеҳ шавам, — хандид Фёдоров ва лабашро бо рӯмолчаи бенуру чиркинаш пок карду аз кисааш тамокухалtai гулдорашро берун оварда кушод ва ба рӯи коғази нафис каме тамоку рехта, бо ангуштони кӯтоҳи фарбеҳаш печondan гирифт. Капитан, ки аз нотавонии ӯ дилтанг шуд, сигарет дароз кард.

— Ма, хоболуд, ин қадар диламро танг накун, — ва чақмоқашро даргиронда дошт. — Хайр, ҳамин тавр карда, сиҳат-саломат мондам, гӯй?

— Бинам, ҳар ду пулемётро хомӯш кунему ақиб равем, фаҳмида мемонанд. Ҳар дуятон гирифта гурезед, гуфтам, худи ман беором тир холӣ карда меистам. Онҳо рафтанд. Як лентаро холӣ кардам. Акнун гурезам гуфта будам, ки ба ҳуҷум даромаданд. Як ҳаракат ҳам карда дидам, нашуд. Наздик омада монданд. Чӣ бояд кард? Хаёл кардам-хаёл кардам, аз ҷонҳавлӣ ана, ин «кафанашон»-ро, ана ин тоскулохро пӯшида, як автоматро ба гардан гузаронидаму дароз кашида, худро чун мурдаи тайёр вонамуд кардам. Якчандтоаш аз болоям ҳаллос зада гузашт. Баъзеҳошон зер кардаю баъзеро

пешина
аз 323
навбатӣ