Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
пиндошта, хотирҷамъ пеш давид. Пеш давиду фирефта шуд. Зеро ҷои «пешвозгирии меҳмон» ҳам ниҳоят соз: ротаи душман гӯё ба сарое даромаду ҷанговарони мо аз паси девори хона истода қир мекарданд. Бештар аз сад нафар гитлерчиён маҷбур шуданд, ки милтику автоматҳояшонро партофта, даст бардоранд. Қисми бисёрашон мурдаю ярадор шуданд. Фақат як қисми ками онҳо ба қафо гурехта тавонистанд.
Хунуки сахт ба ҳеҷ кас таъсир намекард. Майдони ноҳамвор, лой, барфу яхҷа ҳам қадамҳои шермардонро суст карда наметавонистанд.
— Иҷозат диҳед, — гуфтам ба капитан, вақте ки ба амбразураи Фёдоров мондагӣ наздик расидем, — ҷасади Фёдоровро ёфта ба дасти худ гӯр кунам ва зуд аз пасатон расида равам?
— Аввал як бин-чӣ: мурда ё зинда?— гуфт капитан ва бо оҳанги шӯхюмез илова кард: — Шояд хобаш бурда монда бошад.
Баробари он ки ба амбразура наздик омадем, як солдати немис аз ҷояш хеста, дастонашро боло бардошт.
— Гитлер капут! — овоз баровард бо лаҳҷаи ноҷаспон ва тоскулоҳи немисиашро аз сараш гирифта, қоҳ-қоҳ зада хандид.
— И-е, Саша, ту зиндаӣ? Рафиқ капитан! — фарёд кардам ба комбат, ки қариб понздаҳ-бист қадам пештар рафта, саросемавор тирдони таппончаашро аз тир пур мекард. Аз дасти «солдати немис» кашола карда, ба назди ӯ давидам.
— Шинохтед?— ба сӯи капитан тела додам Фёдоровро.
— А-а, ин чӣ хелаш?— ҳайрон шуд ӯ, чӣ гуфтанашро надониста.
— Як ҳила кор фармоям гуфтаму...
— Канӣ, рафтем! Баъд гапзанон мекунем, — гапи Фёдоровро бурид капитан.— Ба пеш!
Қисми мо аз мавқеи аввала қариб як километр пеш рафта, дар наздикии деҳа ба муқобилияти қувваи нави душман дучор омад. Ҷанги сахт ва вазнинии роҳ ҳамаро монда карда буд. Мебоист ба ҷанги мудофиявӣ гузашта, каме дам гирем. Аз штаб ҳам хабар дода буданд, ки қувваҳои иловагӣ мераванд, ҳуҷумро давом хоҳед дод. Бинобар ҳамин қувваҳоро ҷо ба ҷо гузоштаму ба заминқане даромада, хӯрок хӯрданӣ шудем.
— Ин ғалабаро бо садта-садта шустан даркор, — гуфт капитан обдонашро аз паҳлӯяш гирифта. Ростӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё