Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
кашола карда меоянд. Лекин Фёдоров наменамояд. Ё аввал гузашта бошад? Ин хел одат надошта буд-ку.
— Шояд хобаш бурда монда бошад? — хандид капитан.
— Не-е, наход дар ҳамин вазъият ҳам хобад?
— Дар паҳлӯяш снаряд кафад, бедор нашуда бошад...— Капитан, ки аз мавқеи душман чашм наканда, дуди сигареташро фаввора мезаноид, якбора ваҷоҳаташ тағйир ёфту сигари нимсӯхтаашро партофта, дигарашро даргиронд ва саросемавор ба тобеон рӯ овард:
— Ягон кас як тир холӣ накунад! Чашмони тезбини капитанӣ зирак хато кардаанд. Дар ҳақиқат фрицҳо гавак кашида меомаданд.
Мо ҳама дар ҳайрат. Душман торафт наздик меояду командиронро ба ташвиш намеандохт. Чаро пинакашро вайрон намекарда бошад? Иҷозат мепурсидем, илтиҷо мекардем, ки ба тиркушоӣ рухсат диҳад. Гӯё ӯ намешунид, эътиборе намедод. Ман ҳам ҳайрон шудам, ки чаро ин мардаки якрав фурсатро мегузаронад. Наход то ҷанги дастбагиребон маҳтал шавад? Чаро?
Вақте ки пешоҳанги душман то амбразураи Фёдоров истодагӣ расид, асабӣ шудаму одоби ҳарбиро ҳам фаромӯш кардам.
— Сабр кардан ҳам кифоя бошад даркор, рафиқ капитан. Ё то омада аз гиребонамон доштанаш мунтазир мешавем? — киноя кардам аз бетоқатӣ.
— Ҳа, асабӣ мешавӣ? — беэътиноёна хандид капитан.
— Охир, иҷозат диҳед, андозанд!
— Чим шин, ҷӯҷача!.. Саросема хӯрок хӯрӣ, лабат месӯзад. Бигузор боз наздиктар ояд. Чӣ лозим тирро беҳуда сарф кардан?
— Ана, ба амбразура даромад! Фёдоров тамом! — саросема шудам. — Охир, ин чӣ хел бераҳмӣ?
— А-а, магар девона шудӣ? Барои як хоболудат тадбири созро барбод диҳем?! — дӯғ зад ӯ. — Ҷӯҷача!
Фрицҳо ба истеҳкоми аввалин мо низ чанд қадам дарунтар даромада, пеш давиданд.
— Оташ! — ниҳоят фармон дод капитан.
Аз тамоми аслиҳа баробар тир холӣ шуду замин ба ларза даромад. Гитлерчиён сари калобаашонро гум карда монданд. Фурсати ба кадом сӯ тир холӣ кардан, ба куҷо гурехтанро ёфта натавонистанд. Душман то ба истеҳкоми аввалин мо гавак кашида омадан овози ягон тирро нашунид. Қисми моро торумор шудагӣ ва ё гурехтагӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё