Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— Чӣ хоҷат буд, пагоҳ мекардем. Имрӯз дам гирифтанат даркор, — гуфтам.
— Ҳе-е, акоҷон, шаб чӣ хел хурсанд шудам, ки худ‐амро аз орден гирифтагӣ ҳам баландтар ҳис кардам. Раҳмат, акоҷон, ҳамаи ин шарофати шумо!..
Рӯзи якуми ҳамкорӣ бад нашуд, ҳар ду нормаро якуним баробар иҷро кардем. Лекин худи ман камаш ду норма ба ҷо меовардам. Инро Шариф фаҳмид. Бо вуҷуди ин, шаби аввал ҳар дуямонро ба назди рота бароварда, ташаккур баён карданд. Аз хурсандӣ Шариф то палата рақсида омад.
— Майлаш, имрӯз хурсадӣ мекунем, дам мегирем, додарам, — гуфтам ба Шариф. — Лекин бо ҳамин шарт, ки аз фардо дурусттар кор мекунӣ. Охир, худат медонӣ, ки ман бе ту ҳар рӯз ду норма кор мекардам. Ту ҳамроҳ шудию ба якуним норма фаромад.
— Ҳа-а, гапатон маъқул, акоҷон. Аз фардо онаи корро нишон медиҳам!
— Мебинем-дия!..
Шариф аз тахи дил ба кор часпид. Дур рафтан намемондам, ба суруди бекор иҷозат намедодам. «Ҳам кор карда, ҳам суруд мехонӣ» мегуфтам.
— Акоҷон, камтар худатон ҳам дам гиред. Шинед, якто-якто маҳорка кашем!
— Вақташ нашудааст, белро гир!
— Ҳе, ҷонамонро Ҳоҷӣ кулол сохтааст-мӣ, камтар ором гирем, акоҷон! — аз дастам белҷаамро кашида гирифта, ба паҳлӯяш зӯран шинонд Шариф. Ман ба як даст маҳорка кашида, бо дасти дигар белро гирифта, хишт кофтан гирифтам. Белро ҳам аз дастам гирифту гуфт: — Ҳе, дар дастатон қувват монад ё не? Гитлерро бо кадом даст буғӣ мекунед?
Ҳамин тариқ, Шариф ба кор дода шуд. Ҳар рӯз то ду норма хишт тайёр накунем, аз кор намебаромадем. Ҳар шаб ташаккур мешунидем.
— Акнун бовар кардед-мӣ, ако? — пурсид ӯ. — Ман ҳам одам мешудаам-а?
— Бовар кардам. Аз аввал ҳам боварӣ доштам, дӯстам, — гуфтам.
— Ин тавр бошад, бовар кунед, ки ба фронт ҳам рафта, сари садто гитлерчиро себча барин меканам. Гап якто!
Шарифи Шӯх дар фронт ҳам ба аҳди худ вафо карда, сари чандӣ фрисро «себча барин» канда омад. Мана акнун моро шипанги бригадаи сеюми колхозамон интизор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё