Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— Даркор не, — гуфтам, — барои ту ман ҳам шарманда шавам?
— Ба виҷдони солдатӣ, ако! Гап якто!
— Ҳаргиз!
— Мехоҳед, ки мана ба штрафной батальон фиристанд? — маҳзунона сар ҳам кард Шариф. Дурудароз хомӯш мондем. Сипас раҳмамам омаду гуфтам:
— Фақат бо се шарт қабул мекунам...
— Даҳ шартатон бошад ҳам майлаш, акоҷон! — гул-гул шукуфта рафт Шариф.
— Бе иҷозати ман тамоку намекашӣ — як, дар вақти кор суруд намехонӣ — ду, тез-тез ба қазои ҳоҷат намеравӣ — се! Агар ба ҳамин шартҳо тоб оварда тавонӣ...
— Хуб, акоҷон, гап якто! Шин гӯед — мешинам, хез гӯед — мехезам. Гап якто! Очаи корро нишон надиҳам, туф ба рӯят гӯед! — Омада маро ба оғӯш кашид...
Рӯзи дигар — рӯзи дамгирӣ ва шустушӯ гардид. Дараҷаи ҳаво хеле баланд. Дар ҳамвории баландтари шамолрав чун чӯгиҳон нав кӯчида омада палаткаҳо зада шудаанд. Баъзеҳо дар палаткаҳо замзама мекунанд, баъзеҳо дар офтоби тафсон машғули шустушӯ.
— Замзама кичирии бенамак барин шуда истодааст. Шарифи Шӯх ба кадом чириндӣ ҷо шуд? — пурсиданд аз взводи ҳамсоя.
— Ман дар ин ҷо! Чӣ мегӯед?! — аз онсӯтари баландии овози ӯ ба гӯш расид.
— Охир, мурдем-ку, биёед, камтар хурсандӣ кунем, ҷӯраҷон! — гуфт яке аз солдатҳои ҳамон взвод.
— Ҳозир, ҷӯраҷон, ҳозир! — гуфт Шариф ва ба ман ишора кард, ки наздаш равам. Рафтам. Чор дегчаро аз об пур карда, ба баландӣ бурда монда будааст. Об гарм шудааст. Дар ин ҷо об ниҳоят танкис. Ягона чоҳ ҳаст, ки оби дида барин об мебарояду боз талх. Шабу рӯз посбон менистад. Ин обро барои шустушӯ кор мефармоянд. Барои хӯрдан аз ҷои дур об меоваранд. Аз оби чоҳ барои шустушӯ ба ҳар ҷанговар ду дегча, барои шустани гимнастёркаю рӯмолчаҳо се дегча медиҳанд. Аз ин рӯ, дегчаи ҳамдигарро гирифта, бо навбат шустушӯ мекунем.
— Ман оббозӣ карда гирифтам, акнун навбати шумо, ако, — гуфт Шариф қафои баландиро ишора карда, — равед об тайёр, Ман барои шумо об монда будам.
— Аз саҳар нест шуда, куҷо рафтӣ? — пурсидам.
— Ҳе-е, акоҷон, пагоҳии барвақт рафта, камтар кор кардам. Як ғарами калон хишт ғун кардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё