Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҷазо гирад, фардо барои шӯҳии бемаврид. Рости гап, кори сахти ҷисмониро низ он қадар дӯст намедошт.
— Ман ҷанговарам ҳастам, мардикор не, — ҳамеша такрор мекард ӯ, — бояд дар майдони ҷанг бошам.
Ӯ ҷангро танҳо аз тирпарронӣ иборат медонист. Зеро ҳанӯз бӯи борути фронтро нашамида буд. Намедонист, ки бе тайёрӣ дар ҷанг ғолиб шудан амри маҳол аст.
Мебоист аз маҳалла ба маҳалла роҳи калони васеъ кушоем. Инженерони ҳарбӣ қарор доданд, ки ба ҷои шагал хиштпораҳоро истифода мебаранд. Тақрибан ду километр дуртар аз ин ҷо захираи калони хишту хиштпораҳо ёфт шудааст. Ҷанговарони батальони мо маҷбур шуданд, ки хиштҳоро ғундоранд, кашонда, монандӣ шагал майда-майда карда, ба роҳи нав паҳн кунанд.
Рӯзе Шариф наздам омаду илтиҷо намуд:
— Ако, ба мани бадбахт раҳматон меояд ё не?
— Ҳа, чӣ шуд ба ту? — ҳавотир шудам.
— То кай маро командир ба назди рота бароварда шарманда мекунад, ки шабона баромада норман боқимондаро иҷро кунам. Тамом обу адо шудам-ку, акоҷон.
— Танбалӣ накардан даркор, — гуфтам бо оҳанги нимҳазлу нимҷиддӣ.
— Ҳе-е, акоҷон, кадом гардани ғафсро об мекунам? — ҳазломез ба гардани борику дарозаш тап-тап зад Шариф. — Ин сабил ришта барину!
— Ин тавр бошад, мулло Шарифҷон, — гуфтам худро ҷиддӣ гирифта, — ба комиссари полк ариза медиҳед. «Ман масхарабози касбӣ мегӯед. Хоҳишмандам маро ба кружоки ҳаваскорони рақсу ашӯла қабул намоед», мегӯед. Ана, сониян муддадон табъатон мешавад. На худатон шарманда мешавед, на ротаро шарманда мекунед. Фаҳмидед, Шарифҷони Сатанг?
Шариф дурудароз механдид. Вале ин навбат қоҳ-қоҳ хандиду ҳамоно ҷиддӣ шуд. Пушаймон шудагӣ барин сурх шуд. Дар зарфи дуним моҳ бори аввал ман ӯро дар ин ҳолат медидам. Ҳатто раҳмам омад.
Шариф ин дафъа бар хилофи хислати худ дам назад, оҳиста аз ҷояш хест, каме рост истоду баъд бо илтиҷо гуфт:
— Маро ба паҳлӯятон гиред, акоҷон. Зада-зада кор фармоед ҳам ҳафа намешавам. Гап якто! Ман солдат, шумо командир. Гуфти шумо ба ман қонун. Агар гӯш накунам, бо ҳамин белча ба буни гарданам занед. Ҳафа шавам, одам нестам. Ҷон ако, не нагӯед. Бе иҷозати шумо нафас намекашам. Гап якто!

пешина
аз 323
навбатӣ