Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Ёрдамчии командири взвод ҷанговари дар ҷои шамолрав хобидаро дида, дар газаб шуд:
— Ҷанговар Саидов!
— Лаббай?
— Чӣ, шумо ба курорт омадед?!
— Ман ба фронт омадаам!
— Пас, чаро якпаҳлӯ зада мехобед?
— Ба хаёли шумо дупаҳлӯ зада хобам?
— Кӣ ба шумо ҳуқуқ дод, ки командирро писанд накунед?!
— Ба шумо кӣ ҳуқуқ дод, ки оромии маро вайрон кунед?
— Бас кунед, найрангбозиро!
— Ин кори ман аст. Шуморо ҳеҷ кас даллол накардааст!
— Боз мехоҳед, ки ҷазо гиред?
— Аз ҷазо-пазоятон наметарсам. Дар бисотатон чӣ қадар бошад, додан гиред.
— Барои шӯхии ноҷӯяатон як наряд!
— Есть як наряд!.. Хайрият якпаҳлӯ хобида будаам. Барои якпаҳлӯ хобиданам як наряд додед, дупаҳлӯ хобам ду наряд медодед-а, рафиқ сержант?
— Ман ба шумо маслиҳат медихам, ҷанговар Саидов, масхарабозиро партоеду аз рӯи қасами ҳарбӣ амал кунед. Фаҳмидед?
— Ман қасамро барои мардикорӣ нахӯрдаам. Барои гитлеркушӣ қасам хӯрдаам! Канӣ, аз дастатон ояд, маро ба хатти якуми фронт фиристонед, ҳекиртаки даҳтоашро канда мепартоям ё не? Шумо ҳам фаҳмидед, рафиқ сержант?....
Шариф ҷавони хушкаду-қомат, лоғар, вале симпай. Чусту чолок. Серманаҳакак бошад ҳам, хеле хушҷакчак. Солдатҳо ӯро «гули сӯҳбат» меноманд. Ҳа, аз кадом давра замзама ва ё қоҳ-қоҳи ханда ба гӯш расад, донед, ки Шариф дар ҳамон ҷост. Дар олуфтагӣ ҳам ҳамто надорад. Шариф сарулибоси аскариро чунон озодаю санҷорона мепӯшад, ки ҳавасатон меояд. Мили милтикаш, белҷаю дегчааш ҳамеша ялакқос зада меистанд. Дар ан-назаргузаронии яроқҳо ҳамеша сазовори таҳният мешуд. Дар муомила ва ҳурмати калонсолон низ Шариф ҳамто надорад.
Бо вуҷуди ин хислатҳои нағз Шариф аз нарядгирӣ халос намешавад. Имрӯз барои иҷро накардани супорише

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё