Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
ё не?! Чаро роҳро банд кардӣ? Пеш рон тезтар, ман вақт надорам! — аз фургон фаромада, лангон-лангон ба сӯи мошин намеомад аробакаши қоматбаланду логар.
— Шуморо гузаштан намемонам! — ҳазломез дӯғ зад шофёр худро ҷиддӣ вонамуд карда. Аробакаш тез шинохт ва ҳар ду коҳ-коҳ хандиданд. Аз фурсат фоида бурда ман аз мошин фаромадам, бағаласоҳсро ба қаноти мошин такя монда, ба дӯстам оғӯш во намудам. Ӯ баробари маро дидан аввал ҳайрон шуда, чашмонашро беором молидан гирифт.
— Хобам ё бедорам, акоҷон?! Наҳод шумо зинда бошед? Ба чашмонам бовар намекунам! Ман дигар хел шунида будам. Мебахшед, акоҷон, ба ман гуфта буданд, ки гӯё шумо дар остонаи Сталинград ҳалок шудаед.
— Як бор ҳалок шудаанду боз барои мо зинда шудаанд! — ҳазломез гуфт Абдуҷаббор.
— Хайрият, зинда будаед! Хайрият!
— Шарифи Сатанг бубед, акнун Шарифи Ланг шудед-дия? — шӯхиомез пурсидам.
— Лангар! Ҳа, Ҳусейнбой ҳозир ҳам кемачӣ. Мешиносед-а? — ба ман саволомез нигарист Шариф. — Ҳусейнбои лангариро фаромӯш кардед?
— Ланг шудед гуфта истодаам! — бо овози баландтар гуфта, ба пояш ишора кардам.
— Ҳа, аз як поятон ҷудо шудед гуфта шунидаму хеле хафа шудам-дия, — афсӯсомез сар ҷунбонд.
— Худи шуморо гуфта истодаанд! — ба гӯши Шариф наздик шуда дод зад Абдуҷаббор.
— Мебахшед, — узрхоҳӣ намуд ӯ чун одати деринааш дасташро ба сандуқи дилаш пахш карда истода, — ҳам чӯлоку ҳам кар шуда омадам. Ҳеҷ гап не. Зинда омадем, ҳамин ҳам давлати калон.
— Зану бачаҳо чӣ тавр? — баъд аз ором ёфтанаш пурсидам.
— Зарифбой ҳоло ҳам шофёр. Бачааш ҳаст, якчандто. — Шариф дар бораи ҳамсояаш Зарифбой ва дигарон нақл кард ва дар охир гуфт: — Ҳамаро монеду пагоҳ, соати як ба шипанги бригадай сеюми колхозамон ҳозир шавед. Бе ҳеҷ гуфтугӯ. Ман мунтазир мешавам.
— Ман ба ноҳияи Нов рафта истодаам! — гуфтам.
— Нон даркор не, худатон биёед! Мана бо ин кас биёед. Боз киро хоҳед, гирифта биёед! Гап якто!
Чаро ба хонаи худаш не?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё