Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— Чӣ, гумон кардӣ, ки Ватанатро душман ишғол мекунаду умрбод маҳрум мешавӣ? — пурсид комбат.
— Аз рӯи эҳтиёт, — нигоҳ накарда ҷавоб дод пирамард.— Ту ҳам аз рӯи эҳтиёт омада истодай-ку.
— Хайр, як каф хок бошад, аз саргаҳи деҳа гирифта рафтан гир буд. Чаро ҷонатро ба хавф мононда, ба ин ҷо омадӣ?
Пирамард нафратомез нигоҳе карду ҷавоб надод. Рӯмолчаи хокро маҳкам баст ва ба бағалаш андохт. Рӯ ба хонааш нигариста, оби чашм кард, афсӯсомез сар ҷунбонда рафтани шуд. Рафтани шуду чизе ба хотираш омадагӣ барин хаёлолуд ба мо нигарист.
Мӯйсафед ба замин дузону нишаста, хокашро бӯсиду аз ҷо хеста рафтан гирифт. Якчанд қадам дур рафта, рӯ ба мо тофта, бо қаҳр гуфт: — Шумо қадри Ватанро аз куҷо медонед?!
Мо ба ҳамдигар нигариста, дурудароз хаёл карда мондем. Дар ҳақиқат Ватан аз ҳамин порчаи замин сар мешавад-ку!
ШАРИФИ ШӮХ
Сӯи деҳаи Деҳмой мерафтем. Шофёри ҳамешабаҳор Абдуҷаббор гази газикашро паст карда, манзараҳои ду тарафи роҳро моҳирона шарҳ дода мерафт. Ҳангоме ки ба кӯпруки сой наздик расидем, аз кӯчаи Ёва — Арал фургони якаспае ба назарам намуд. Вай хеле суст меомад. Баробари ба кӯчаи калон наздик шудан тормоз додагӣ барин ба лаби кӯча омаду такатак истод.
— Бо мана ин кӯча ба Сартӯқай меравед, — ба ҳамон кӯча ишора кард шофёр шӯхомез, гарчанд худи ман ин кӯчаҳоро нағз медонам.— Ана вай, фургони шалақи сельпо, ана он кас Шариф-ако, ҳозир қари Шариф ҳам мегӯянд, Шариф Чӯлок ҳам. Пешҳо Шарифи Шӯх мегуфтанд ё Шарифӣ Сатанг. Ҳамроҳи шумо ба фронт...
— Мошинро доред! — беихтиёр фарёд кардам. Зеро баробари шунидан ба ҳаяҷон омадаму дилам тез задан гирифт. Охир, ман ӯро ҳалок шудагӣ, гуфта шунида будам. Наҳод Шарифи Шӯх зинда бошад-а?
То ин дам Абдуҷаббор мошини худро ба пеши роҳи аробакаш монд, ки илоҷи пеш рафтан намонда буд.
— Ҳой, шофёри каллаварам, қондаи мошинрониро медонӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё