Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

фарёд кард пирамард. Кӯчашонро ба ду ароба бор карда додем. Ҳар ду ҳамдигарро аз бағаш гирифта, аз паси кӯчашон мерафтанду чашм аз деҳа намеканданд.

Ҳамоно ба кофтани окопҳо шурӯъ намудем. Лекин корамон пеш намерафт. Замини деҳа ниҳоят сернам будааст. Барои ҳамин ҳам дар ин деҳа аввал аз чӯбу тахта суфаи калон месохтаанду баъд дар болои он хона мепӯшидаанд. Боигарии ин ҷо асосан кадую картошка будааст. Хонае нест, ки як ғарам каду надошта бошад.

— Дар ин ҷо илоҷи окоп кофтан нест, — гуфтанд командирони взводҳо. — Ягон илоҷи дигар ёфтан даркор. Зеро як бел занед, об мебарояд.

...Се рӯз интизори ҳуҷуми душман шудем. Барои чӣ бошад, ки душман аз нияташ баргашт. Охир, ба ин гӯшаи нообод ҳуҷуми сахт кардан буд-ку! Ё тактикаро дигар кард? Аҷаб нест. Дар рӯзҳои охир аз зарбаҳои паси ҳами қӯшунҳои мо саргум шуда, ба нишони ба чашм расида тир холӣ кардан мегирифт.

Овози тирпарронӣ торафт паст мешуд. Равшан аст, ки қӯшунҳоямон душманро таъқибкунон пеш мераванд. Душман ба ин деҳа дигар барнамегардад.

Ману комбат дар суфачаи назди дари хонаи ҳамон пирамаrди китфвасез нишаста, нақшаҳои ояндаро муҳокима мекардем. Ба хона ҳам даромада баромадем. Гӯё ба анҷоми рӯзгор касе даст нарасонидаги барин. Қариб ду ароба бор гирифта буд-ку, пирамард? Маълум мешавад, ки либосҳо, хӯрокворӣ ва ему хошоки аспашро гирифтааст. Соҳиби хона боварии комил доштааст, ки ба хонаи худ, албатта, бармегардад.

— Ба он тараф нигаред, ба он тараф! — ба поёни ҳавлӣ ишора кард комбат. — Боз аз куҷо пайдо шуд ин одам? Мабодо аҷалаш нарасида бошад?

— Истед, хе-е, ин ҳамон мӯйсафед-ку! — гуфтам дурустакак синча карда. — Соҳиби хона. Шояд ягон чизи қиматбаҳояш монда бошад.

Мо наздиктар рафтем. Комбат мӯйсафедро чег зад.
Ӯ эътибор надода, ба замин хаму рост шудан гирифт. Аз замин чизеро гирифта, ба рӯмолча андохт. Гумон кардем, ки чизҳои қиматбаҳояшро афтондаасту акнун чида мегирад. Не, мо хато кардаем. Ӯ барои чизе баргашта будааст, ки аз хуми ҷавоҳир ҳазор карат гаронтар аст.

Комбат маънидорона сар ҷунбонду ба сӯи мӯйсафед қадам зад.

пешина
аз 323
навбатӣ