Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фармони командадеҳ қонун, ба замми ин замони ҷанг. Баробари ишораи комбат ба пеш ҳаракат кардем. Роҳ он қадар дур نەбошад ҳам, серқум, роҳ гаштанаш ниҳоят душвор буд. Пой монед, меғӯтид. Ҳанӯз ним километр нагашта, ҳама ба обу арақ ғӯтид, пойҳо бемадор гаштанд. Ротаи мо, ки пулемётӣ буд, азобаш бештар гардид. Аспҳои ҷавон ва пурзӯр тачанқаро кашола карда натавонистанд. Тачанқаҳоро аз пулемётҳо холӣ кардем. Баъд аспҳо тачанқаҳои холиро базӯр кашида рафтанд. Маҷбур шудем, пулемётҳоро ба ду тақсим карда, яъне аз станок ҷудо карда, ба китфи солдатҳо бор кардем.

— Роҳ вазнин, ба навбат бардоред! — таъкид намуданд командирони взводҳо. Ҳақиқатан борашон, ки вазнин шуд, пояшон ба қум чуқуртар меғӯтид. Базӯр якашро бардошта, пеш мегузоштанду дигарашро мебардоштанд.

Бо як азобе ба деҳа даромадем. Қишлоқи на он қадар калон ва на он қадар обод будааст. Ягон кӯчаи зебо, ягон бинои боҳашамате ба назар намерасад. Ҳайр, аҳли деҳа дӯст медошта бошад, чӣ ҳам мегуфтем. Баъзе одамон ҳанӯз гарданшахӣ мекардаанду як қадам берун баромадан намехоҳанд. Комбат ба хонаи дар ҷои барҳаво буда расид. Соҳибаш пирамардку китфвасеъ ва қоматбаланд будааст, занаш пиразани миёнхамида. Меҳмононро нохуш пешвоз гирифт онҳо. Мо гуфтем, ки шояд дар ин ҷо ҷанг шуда монад, шумо тағи по шуданатон мумкин. Аввал онҳо розӣ нашуданд.

— Шумо барои хонаи ман ҷон медиҳед у ман мегурезам?! — дар ғазаб шуд мӯйсафед. — Ман ҳам то метавонам ҷанг мекунам, ба шумо ёрӣ мерасонам!

— Ба ҳиммататон раҳмат, падарҷон, лекин шумо ба мо халал мерасонед.

— Не, ҳеҷ ҷо намеравam! Мурам дар Ватани худ мемурам!

— Падари азиз, ҳамаи ин ташвишҳо барои Ватан. Беҳуда ба ҷони худ ҷабр кардан чӣ хоҷат? — гуфт яке.

— Бояд фаҳмед, ки зӯран ҳам мебароранд. Якравӣ чӣ лозим! — сахттар гап зад дигаре.

— Об-бо-о!..

Ҳамин тариқ, дурудароз фаҳмондем ва бовар кунондем, ки душманро дар муддати кӯтоҳ торумор мекунем, онҳо боз ба ҷони худ бармегарданд.

— Афсӯс, афсӯс, Ватанам монд! — рӯмолча ба даст гирифт пиразан.

— Алвидоъ, Ватани азизам, алвидоъ! — аз таҳи дил

пешина
аз 323
навбатӣ