Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Ман ба таҷанка такя карда, рӯ ба осмони мусаффо хониши мурғони ҳаворо ба ҳисоб мегирифтам. Чанд хел? Чӣ хел гуногун ва форам месароянд! Онҳо парвое надоранд, ки дар нисфи осмон «қиёмат» сар задааст. Баръакс, баҳсмабаҳс хурӯш мекарданд. Замзаман мурғони баҳорӣ илҳому роҳат мебахшад ба кас. Кош ҳамеша баҳор мебуд!
— Ҳа, мазза карда гӯш мекунӣ-а? — ба китфаш даст партофт лейтенант Фролов.— Ҳақиқатан форам. Баҳор нағз-куя, ҳатто паррандаҳо дӯсташ медоранд. Ҳозир ватани ту чӣ хел бошад-а? Ҷаннат барин будагист-дия-а?
— Баҳор дар ҳама ҷо зебост,— гапро кӯтоҳ кардам.
— Дар поён қиёмату инҳо дур намераванд-а?
— Маконашон ҳамин ҷо бошад, куҷо мераванд?
— Рост, ҳатто ғунҷишк ҳам аз ватани худ дил канда наметавонад,— нафаси чуқур кашид Фролов.— Ҳоло Сибири ман дар оғӯши барфу ях. Лекин барфу яхашро ҳам пазмон шудам, зимистони қаҳратунашро ҳам! Ту чӣ, чӯра, Тоҷикистонро ёд кардӣ?
— Кӣ ёд намекунад? Касе, ки зодгоҳашро пазмон намешавад, Ватанро пазмон намешавад. Ҳар як гӯшаю канори Ватани мо азизу мӯътабар, рав, ки зарраи хокаш аз гавҳар гаронтар! Шунидӣ, доноча? Ман бо ин гуфтани ки ҳар як гӯшаи замини мо ба пазмон шудан меарзад!
— Қандата зан! Шоир шав рав-е! — ба китфаш тап-тап зада, давом намуд лейтенант.— Тамокуро барор-е!
Намояндаҳо ба деҳа рафта, ҷойҳои заруриро муайян карда омаданд. Шояд онҳо хеле барвақт рафта бошанд, комбат норозӣёна пешвоз гирифт.
— Чӣ, ба ҳавлии очакалонат рафта будӣ?! — дӯғ зад комбат ба офицере.
— Ҷойҳоро дидем, ба ҳисоб гирифтем. Фақат як қисми аҳолӣ кӯчидан намехоҳад,— гуфт офицер.— Мурем ҳам дар ҳамин ҷо мемурем, мегӯянд.
— Бефоида мурдан чӣ лозим?! Мо онҳоро ба шаҳри азим мекӯчонем,— гуфт комбат.— Ҷанг, ки тамом шуд, боз гашта меоянд. Маълум мешавад, ки дурустакак нафаҳмондӣ.
— Ҳамин тавр гуфтам, аммо қабул намекунанд. Аз ин деҳа фақат мурдаамон мебарояд, мегӯянд.
— Чӣ, дар қишлоқашон тилло мерӯндааст?— ришханд карда монд капитан.— Он қадар чашм мерасидагӣ барин ҳам не-ку. Нафаҳмидӣ, чӣ сир дошта бошад?
— Ҳе-е, бало ҳам намерӯяд! Сагро баста монед, намеистад!..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё