Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
низ ба забон даромад. Аз паси он аспҳои фӯлодин пеш давиданд. Дар болои онҳо автоматчиён менишастанд. Аз қафои танкҳо боз автоматчиён, милтикдорон, пулемётчиён, миномётчиён, ҳама ва ҳама ба пеш ҳаракат мекар- данд.
Танкҳо рустамона пеш рафта, истеҳкоми мустаҳками душманро рахна карда даромаданд, нуқтаҳои оташфишонии вайро маҷак ва пароканда намуданд. Пиёдаҳо аз миён ва аз ду канор баробар «Ура» гӯён пеш дави- данд.
Солдатҳои яккачини гитлерӣ ба зарбаи ҳалоковатари қӯшунҳои мо тоб оварда натавониста, думро хода кар- данд. Қисмашон маҷбур шуданд, ки даст бардошта тас- лим шаванд, қисми боқимондаи гарданшахи онҳо аз де- ҳа саросемавор баромада, барои мустаҳкам кардани ис- теҳкоми нав шитобиданд.
Мо ба ҳуҷуми нав тайёрӣ медидем.
— Пункти аз даст рафтаро аз нав ишғол намудед, ба Рӯзи Армияи Советӣ тӯҳфаи сазовор пешкаш кардед. Ба ҳамаатон аз номи командадеҳӣ ташаккур баён меку- нам! — гуфт комиссари полк. Ӯ ба комбат ишорае кард.
— Ҳозир ҳамааш сад фоиз мешавад, рафиқ подпол- ковник! — даст ба чакка бурд комбат.
Ба оқонон хӯроки гарм оварданд, барои ғалабаи ко- мил қадаҳҳо бардошта шуданд.
АЗ ГАВҲАР ГАРОНТАР
Аввалҳои соли чилу дуюм. Яке аз деҳаҳои атрофи Сталинград. Мурғони ранг ба ранг аз камоли шодӣ аз шоҳ ба шоҳ, аз дарахт ба дарахт мепаранд, бо завқи том нағмасарой мекунанд, пасӣ ҳам ба осмон парида, муал- лақ бол мезананду мерақсанд, ҳамдигарро бо оғози фас- ли муборак табрик менамоянд.
Мо дар сарҳадди деҳа мунтазири ишора. Фармон шу- дааст, ки батальони мо дар ҳамин деҳа истеҳком гирад.
Гумбур-гумбури тарқиши снарядҳою та-таи пулемёт-ҳо дам ба хурӯш меояд ва дам хомӯш мешавад. Самоле-ти дурамаи душман якчанд дақиқа осмони маҳалро «хӯҷайнӣ» карду баробари ҳуҷуми зенитчиҳо думро хода кард. Баъд аз он дуртар аз ин ҷо ҷанги қиркунандаҳо сар шуд, ки аз ҷон баланд бемалол дидан мумкин буд. Баъзеҳо тамошо мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё