Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— Ҳарораташон муътадил будагист-дия.
— Боз шӯла-мӣ?
— Не, бародар, борщи украинӣ, чаркӯв. Ба ҳар кас каллаи буз барин гӯшти иловагӣ!
— Боз каллаи ғунҷишк барин набусад?
Ҳама қоҳ-қоҳзанон хандиданд.
Шояд ресторани «Бобои барфӣ» ба ин заминкан аз ҳама охир омада бошад, ки аз заминканҳои дигар аллакай замзаман чашигирӣ ба гӯш мерасид. Ё ба пешвозаш суруд мехонда бошанд? Ба ҳар ҳол хушҳолии ҷанговарон табъи касро равшан мекард.
— Имрӯз бо ман ҳазл намекунед, — ришханд зад старшина Морозов.
— Барои чӣ?
— Ман аз номи командадеҳӣ ваколатдор шудаам, ки, — бо мутакаббирии сохта мӯйлабчаашро тофта монд Морозов, — ҳамаи шуморо аз таҳи дил табрику муборакбод намоям.
— Хушку холӣ?! — ҳама баробар ғалогул карданд. — Ба худатон насиб кунад!
— Истед, истед. Шӯрборо гарм нахӯред, — даҳони халтаеро кушод ӯ, — хешу табори ман аз тамоми гӯшаю канорҳои мамлакат тӯҳфаҳо фиристодаанд. Онҳо гуфтаанд, ки ба шербачаҳоятон тӯҳфаҳои моро супурда, рӯяшонро бӯсидаю дастони табаррукашонро сахт фишурда монед. Бигузор сагони девонашудаи фашистонро тезтар торумор карда, тезтар бо ғалаба баргарданд.
Морозов дар зери чапакзаниҳо тӯҳфаҳои ҳархеларо ба ҷанговарон тақсим кард ва халтаи калони қоғазиро ба яке аз ҷанговарон супурда гуфт:
— Ана ин мева. Аз халқи Осиёи Миёна. Мазза карда хӯред. Ана, баъд аз паи иҷрои накази аҳли фронти меҳнат шавед, шербачаҳо. Ба мо дигар хизмат нест? Камукост дошта бошед, дар ҳузури камина гуфта гиред. Вагарна пушаймон мешавед. Ана, сониян аспатонро ба пойга тайёр кунед. Имрӯз аз таҳи дил қамчин мезанед. Онай гитлерчиҳоро чунон нишон дода монем, ки ба ҳафт пушташон бас кунад. Гапам рост-мӣ?
— Маъқул! — ҳама хандиданд.
Қайд кардани Рӯзи Армияи Советӣ ба қайд кардани корнамоиҳои ҷангӣ табдил ёфт. Ҷанговарони диловарамон маҳорати баланди ҳарбӣ нишон доданд. Пеш аз он ки ба ҳуҷум сар кунанд, тайёрии артиллерия гузарониданд. Қариб ним соат аз тамоми намудҳои артиллерия паси ҳам тир холӣ шуданд. Қариб даҳ дақиқа «Катюша»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё