Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Онҳо дасти ҳар ҷанговарро сахт фишурда, орзуҳои нек намуданд.

— Вазифаи навбатии ба ҳама маълум бошад даркор, — ба ман рӯ оварда гуфт майор, ки дирӯз дар маҷлиси коммунистони полк маро шинохта, як қатор супоришҳо дода буд.

— Маълум, рафиқ майор! — даст ба чакка бурдам.

— Рӯҳияашон-чӣ?

— Аъло, рафиқ майор!

Майор хурсандона табассум карду маро аз бағалам гирифта, аз заминкан дуртар бурд. Огоҳ кард, ки ҷанговаронро ба ҳуҷуми ногаҳонӣ тайёр кунем. «Пункти аҳолинишини аз даст рафтаро имрӯз бояд аз душман тоза карда, барои ҳуҷуми оянда мавқеи қулай ба даст оварем. Ин туҳфаи мо ба ҷашни Армияи Советӣ хоҳад буд...»

Барфи навакак саршуда суръат гирифта, бо тиру снарядҳои бефосилаи душман чӯр мегашт. Дасту пойҳо андак караҳт шуда бошанд ҳам, аз бадан арақ мешорид, буғ мебаромад. Зеро хунукҳои туф куну ях кун ба қафо мондагӣ буданд. Бо вуҷуди ин немисҳо, ки аз ҳуҷумҳои мо қимоб шуда буданд, аз хунукҳои февралӣ ҳамчун барги бед меларзиданд. Магар чунин фурсати ғаниматро аз даст додан мумкин буд?

Биёед, посбонҳоро дар хандақҳо гузорему як-як ба заминканҳо дароем. Онҳо дур нестанд. Чунон сохта шудаанд, ки аз хандақ набаромада, дохили онҳо шудан мумкин.

Дар заминкани якум қариб даҳ нафар ғуҷ шудаанд.
Ҳезум сӯхта кайҳо лахча шуда бошад ҳам, дуди ғализ шахси нав ба заминкан дохилшударо безобита накарда намемонд. Ба замми ин ҳама мӯзаҳои намадии худро кашида, пайтобаҳои тари чанд рӯз пеш печондаашонро дар олав мехушкониданд. Пойҳояшонро як-як молидаю хорида аз нав пайтобапеч мекарданду мӯза мепӯшиданд.
Барвақт печонидашудаҳо тугмаҳои гимнастёркаю курткаҳоро маҳкамтар медӯхтанд, сарулибосашонро аз нав мепӯшиданд. Пешоҳангҳо аллакай тайёр шуда, саросемавор ба падару модар ва ё дилбари худ мактуб менавиштанд. Хаста бошанд ҳам, дар чеҳраи ҳама хурсандии беинтиҳо хонда мешуд.

— Қанӣ, ҳама ба ҳуҷум тайёр-мӣ? — аз дар даромад старшинай ҳазлкашу ҳазлбардор Морозов. — Коркунони ресторани «Бобои барфӣ» омада истодаанд. Имрӯз кружкаҳо ҳам ба дод неомадагӣ барин.

— Имрӯз бо дасти рост хестагӣ барин менамоед-ку?

пешина
аз 323
навбатӣ