Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
мо ҷашнгирӣ карда гаштаем, чӣ номаъқулиҳое намекард.
— Ҳа, омадетон? — пурсид яке аз ҳамсоярокон Иброҳимов, ки дар хандақ монда буд, ба милтикаш тир ҷо карда истода. — Тинчӣ-мӣ?
— Тинчӣ нашуда чӣ мешуд? Маҷлис-дия, — шӯхиомез гуфтам аз паҳлӯи ӯ ҷой гирифта истода. — «Худи Армияи Сурх дар окопҳои зидди душман таваллуд ёфтааст», «комашро бо ғалаба бардоштаанд», «вай байрақи Ленинро баланд бардошта, фақат пеш меравад», гуфтем. «Чӣ будани мағлубиятро намедонад», гуфтем. «Имрӯз-фардо онаи зори фашистонро нишон медиҳад», гуфтем. Дуруст гуфтем-мӣ, охир? Шумо чӣ мегӯед?
Иброҳимов хандида ҳазломез гуфт:
— Гапҳои маро гуфтетон-ку. Лекин садта-садта ҳам мешавад, гуфтетон?
— Имрӯз садто не, саду панҷоҳтогӣ, — гуфт лейтенант Жирноменко.
— Ана, ин гапи дигар, — қоҳ-қоҳзанон хандид Иброҳимов.
— Хайр, ҳамаро монед, ки, — ба Иброҳимов муроҷиат кардам, сигарети нимсӯхтаро аз дасташ гирифта истода, — ҳама саломатанд? Биннӣ ягон кас хун нашудааст?
— Аз взводи мо ду кас — Саша ва Жакеп ярадор шуданд, — гуфт Иброҳимов ба лабаш сигарет монда пӯтода, — зуд ба медсанбат равон кардем. Аммо аз взводи сеюм бисёр касон аз қатор баромаданд. Душман пас аз рафтани шумоён нуктаи оташфишонии самти чапро дид карда, мурданивор тирборон кард. Паси ҳам снаряд борид. Ҳафт кас мурдааст. Пулемётчии чапдаст Корсун ҳам ҳалок гардидааст. Командири отделенияи якумаш ҳам...
Мо беихтиёр телпакҳоямонро аз сарамон гирифта, сукут рафтем. Иброҳимов, баъди андак таваққуф, боз хомӯширо вайрон кард:
— Ярадорон ҳам бисёр, мегӯянд. Расулови аштӣ, Тӯхтабоеви кӯкандӣ, Тӯҳсинови ленинободӣ ҳам ярадори вазнин будаанд. Лекин душман ҳам талафоти зиёд дод, мегӯянд. Минометчиёнамон чунон боб карданд, ки овозашон набаромада монд...
Майори қоматбаланду лейтенанти миёнақаду газгӯшт ва ду автоматчӣ пайдо шуданд. Майор — ҷонишини командири полк оид ба корҳои сиёсӣ ва лейтенант — комсорги полк буданд. Омадаанд, ки ҷанговаронро ба муносибати Рӯзи Армияи Советӣ табрику муборакбод намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё