Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
дар музеи корнамоиҳои ҷангии партизанҳои диловар нигоҳ дошта мешавад.
Коляро ҳама дар рӯи даст бардор-бардор карданд. Комиссар бо завқ тамошо мекард.
ҶАШНГИРӢ
— Имрӯз бисту сеюми феврал. Рӯзи таърихӣ, рӯзи фаромӯшнашаванда, рӯзи таваллуди Армияи Сурхи диловар аст, — сухан оғоз намуд капитани миёнсол, ки аз штаб омада буд. — Мо бори якум аст, ки ин санаи пурифтихори худро дар окопҳои ҷанги зидди фашистони истилогари немис ҷашн мегирем. Ҳа, барои чӣ табассум мекунед? Ҳа, фаҳмидам. Шумо мехоҳед гӯед, ки чӣ хел ҷашн? Ҳақиқатан, байни ҷашн гирифтану қайд намудан фарқи калон ҳаст, албатта. Лекин ман шахсан лозим мешуморам, ки имрӯз ин санаи таърихиро ҷашн гирем. Зеро армияи диловарамон имрӯзҳо ба ҳуҷумҳои сахти душман зарбаҳои қатъӣ расонида, онро ба ақибнишинӣ маҷбур карда истодааст...
— Фаромӯш накунад, ки вай бо кӣ кордор аст! — луқма партофт яке.
— Рост мегӯед, — гуфт капитан, — дере нагузашта чашмашро мош барин кушода мемонад. Фашистони лаъин фаромӯш кардаанд, ки армияи рус дар ягон ҷанг мағлуб нагаштааст. Инро таърих исбот менамояд. Армияи диловари Советӣ бошад, танҳо ғалабаро медонаду бас! Зеро вай аз мағзу дилу ҷони халқ ба вуҷуд омада, дар тарбияи партияи ленинӣ обутоб ёфтааст. Ғалаба, фақат ғалаба!...
Душмани кӯтоҳандеш гумон карда буд, ки қайд намудани рӯзи Армияи Советӣ ба вай фурсати қулай хоҳад буд. Афсӯс, ки тушбераро хом шумурда буд. Ҷанговарони советӣ бо иродаи нав, қувваи нав ва илҳоми нав ба ҷанг тайёр буданд. Аз аскари қаторӣ сар карда, то командири ҳар як подразделения аҳду паймон карданд, ки махсусан, дар ин рӯз ҳушёртар мешаванд, ба ҳуҷуми душман зарба мерасонанд.
Ҷамъомади намояндаҳои ротаҳо хеле кӯтоҳ ва пурмазмун гузашта бошад ҳам, бо хотири парешон баргаштем. Зеро дар хандақҳо қисми ками ҷанговарон тирпарронӣ мекарданд. Агар душман медонист, ки ҳамаро монда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё