Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

намерасад. Ба Коля фармуд, ки ҳамон ҷойҳоро бори дигар аз назар гузаронад.

— Фаромӯш накунед, ки ҳама гап дар ҳамон порча, — таъкид намуд кампир.

Коля ба чанг ғӯтида хокрӯба тит мекард. Солдати шиноси логар нохост аз куҷое ба он ҷо ҳозир шуду ӯро як лагад зад. Коля аз зарбаи ногаҳонӣ якпаҳлу афтод, сараш ба кундаи дарахт зада, хуншор шуд.

— Боз чӣ мекобӣ, аблаҳ?! — ба замин бодиққат нигоҳ кард солдат.

— Нишони сарисинагиамро мекобам. Дина ҳангоми футболбозӣ гум кардам, — зуд ҷавоб дод Коля.

— Чӣ? Ситорача? — дӯғ зад солдати логар ситорачаи аскарӣ гумон карда.

— Не-е, нишони хурдакак, — каме хаёл карда гуфт Коля. — Як офицери худатон дода буд. «Гум накун, гум кунӣ ҳафа мешавам» гуфта буд.

— Охҳо, қорат калон-ку! — ришханд зад солдат. — Майлаш, ёфта гир. Лекин ба ман шир меоварӣ.

— Нишонамро ёбам, ба шумо қаймоқ ҳам меоварам, — гуфт Коля.

— Тезтар ёб набошад. Мо-ло-дис...

Аз миён вақти бисёр нагузашта партизанҳои диловар штаби дар деҳа будаи фашистонро торумор карданд. Баъд қӯшунҳо ҳам омада, барои озод кардани деҳаҳои дигар гузашта рафтанд.

Ба ин муносибат дар деҳа митинг барпо гардид. Дар митинг комиссари отряди партизанӣ сухани табрикӣ гуфт ва дар охири нутқаш Коляро чеғ зад, ки ба назди ӯ, ба минбар барояд.

— Канӣ, Коляи ҷасур дар ҳамин ҷо?!

Коля бо ҳаяҷон ба минбар баромад. Комиссар хурмачаеро ба рӯи кафаш доштаю онро ба издиҳом намоиш дода гуфт:

— Дӯстони азиз! Хурмачаи сеҳрноки пионер Коля Пархоменко ана ҳамин аст. Ин хурмача не, мӯъҷиза! Ҳам ҷои коғазро иваз кардааст ва ҳам ҷои телефонро!

Комиссар аз даруни хурмача медали ҷангии «Барои шуҷоат»-ро гирифта, ба сари синаи Коля овехт. Ҳама ӯро бо чапакзаниҳои пургулгула табрик карданд.

Комиссар гуфт:

— Акнун ин хурмачаи сеҳрнок чун ёдгории қиматбаҳо

пешина
аз 323
навбатӣ