Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Ниҳоят зарур, писарҷонам. Фаҳмидӣ? Ефтаю чида метавонӣ?
— Дар хона хурмача бисёр-ку? — гуфт Коля. — Беҳтараш дигарашро меорам.
— Не, азизам, вай хурмачаи сеҳрнок буд.
— Чӣ хел сеҳрнок? Аз вай нағзҳояш ҳаст.
— Ҳасту лекин... Вай... Баъд мефаҳмонам ба ту. Ҳозир рафта ғундошта гир. Агар порчае аз сафолаш ба дасти ягон фрици зирак фаромада монад, кор расво мешавад. Даррав рафта, ҳамаашро чида гир. Ҷӯраҳоят ҳам нафаҳманд. Ҳеҷ кас набояд фаҳмад, — фармонфармоёна таъкид намуд пиразан.
Коля акнун фаҳмид, ки он хурмача хурмачаи оддӣ набудааст. Барои ҳамин «хуб» гӯён тозон аз кулбаи кампир баромад. Ӯ тамоми роҳ ғарқи хаёл буд. Чӣ бояд кард? Оё фрицҳо бинанд, гумон намебаранд? Бо бачаҳо дар он ҷо ягон бозӣ ташкил кунад чӣ? Баъд ҳангоми бозӣ номаълум карда...
Коля қарор дод, ки бо ҷӯраҳояш дар ҳамон ҷо футболбозӣ кунад. Ӯ ба деҳа омада, ба бачаҳои шинос ҷои бозиро хабар доду худ тӯби резиниашро лагадзанон аз ҳама пеш ҳозир шуд ва то расида омадани бачаҳо якчанд сафолпора ҳам ёфта, ба бағал андохт.
— Ҳой, сагбача, чӣ кофта истодаӣ? — дӯғ зад солдати логаре, ки аз пайраҳа гузашта мерафт.
— Майдонро тоза мекунам. Мо футболбозӣ мекунем, — ҷавоб дод Коля, сангу хошокро бо пояш ба як тараф тела дода.
— Заб ҷон бознатро ёфтӣ-дия. Дафъ шав аз ин ҷо! — гуфту солдат худ беихтиёр ба тӯби Коля андармон шуда монд.
— Амак, сахт назанед, тӯбам мекафад! — илтиҷоомез гуфт Коля.
— Рав, ту сангатро чин! — боз дӯғ зад солдат ва саргарми тӯббозӣ шуд. Коля аз фурсат фоида бурда, сафолпораҳоро як-як чида ба бағал мезад.
Бачаҳо омаданд. Футболбозӣ авҷ гирифт. Баъд аз каме бозӣ Коля овардани нонро баҳона карда, сӯи ҷангал шитобид.
— Раҳмати калон, писарам, — сафолпораҳоро гирифта, ниҳоят шод шуд пиразан.
— Ана вай нонро гирифта рав. Лекин пагоҳ барвақттар биё. Ман гапи зарур дорам.
Пагоҳии рӯзи дигар пиразан гуфт, ки як порчаи сафол

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё