Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
пиразан.— Лекин хушёр бош, хурмачаро асло ба дасташон надеҳ. Сонӣ ба ҳолаат гӯй, ки хурмачаро нашӯяд, пок накунад. Беҳтарас чуркин бошад. Дилнокаш бошад, боз нағзтар. Фаҳмиди?
— Фаҳмидам. Акнун равам майлаш?— пурсид Коля.
— Исто, саросема нашав,— аз роҳаш ӯро гардонд пиразан.— Ана вай буҳанкан нонро гирифта бар. Ҳар кас пурсад, «ширро ба нон иваз кардам», мегӯй. Фаҳмиди? Минбаъд ҳар рӯз нон мебарӣ. Гир, чаро хаёл карда мондӣ?
— Охир, ин нони немисҳо-ку?— ҳайрон шуд Коля.
— Корат набошад,— чашмакӣ зад пиразан.—«Ангурро хӯру боғашро напурс». Фаҳмиди? Аз немисҳо ҳам ошно дорам.
— Чӣ? Аз немисҳо? — боз ҳайрон шуд Коля.
— «Ҳари чӯгиро об деҳу пулашро гир», гуфтаанд. Фаҳмиди?
— Не, нафаҳмидам,— китф дарҳам кашид Коля.
Пиразан хандида гуфт:
— Хайр, майлаш, баъд мефаҳмӣ...
Коля монанди ҳаррӯза бо хурмача ба ҷангал мерафт. Ногаҳон аз пеши роҳаш як офицер ва ду салдати немис баромаданд, ки онҳоро Коля бори аввал медид. Бо ишораи офицер яке аз салдатҳо хурмачаро аз дасти Коля кашида гирифт. Онҳо ширро бо навбат дам кашиданд. Коля хурмачаро зуд гирифта, ба сӯи ҳавлнашон баргаштанӣ шуд.
— Исто! — аз роҳ баргардонд ӯро офицер.— Канӣ, хурмачаатро ба ман деҳ! Тезтар!
Офицер хурмачаро аз дасти Коля гирифта, ҳар тарафи онро бо шубҳа аз назар гузаронд. Аз биму ҳарос бадани Коля ба ларза омад. Офицер чун дид, ки хурмача чизе надорад, бо забони худ Коляро ҳақорат доду зарфро чунон бардошта зад, ки он ба санг бархӯрда пора-пора шуд.
Ҳамон рӯз Коля ба назди пиразан бори аввал бе хурмачанд шир даромада омад. Ба пиразан воқеаро батафсил гуфт.
— Об-бо, нағз нашудааст-дия,— табъи пиразан хира гашт. Вале зуд худро ба даст гирифту гуфт: — Сафолпораҳои хурмачаро якто намонда, ёфта гирифтан даркор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё