Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ХӮРМАЧАИ СЕҲРНОК

Коля хурмачае дар даст, ҳар рӯз аз деҳа баромада, сӯи ҷангалзор мерафт. Немисҳо ба ӯ эътибор намедоданд. Аммо рӯзе яке аз сарбозони бадсурату дағал ӯро аз роҳаш дошт.
— Ҳой, сагбача, куҷо меравӣ? — пурсид ӯ, ба сӯи Коля қадам зада.
— Ҳо, ба ана вай деҳа, — ҷавоб дод Коля қадамашро суст карда.
— Чӣ мефурӯшӣ? — пурсид солдат наздиктар омадаю ба хурмача нигоҳ карда. — Ин чӣ?
— Шир.
— Харидори нақдро монда, куҷо овора мешавӣ, аҳмак? — гуфт солдат ва дигаронро ҳам сӯи худ ишора кард: — Давед, ин ҷо, шир!

Сарбозҳо хурмачаро аз дасти Коля гирифтанду дар як дам ширро дам кашиданд ва хурмачаро ба як сӯ ҳаво доданд. Диданд, ки хурмача нашикаст, қоҳ-қоҳ зада хандиданд. Коля рафта зарфашро аз замин бардошту гирзьякунон сӯи деҳа баргашт. Боз ба хурмача шир пур карда, дубора ба ҷангал рафт.

Ин аҳвол чанд рӯз давом кард. Солдатҳо ба шири бомаззаи муфт одат карда монданд. Коля ҳар рӯз бо шири як хурмача ду посбони фашистро «зиёфат» мекарду хурмачаи дуюмро безарар ба ҷангал мерасонд. Баъзан ягон солдат ё офицери раҳгузар дучор омада, хурмачаи дуюмро ҳам холӣ мекард. Маҷбур мешуд, ки бори сеюм овора шавад.

Ҳамин тариқ, аксари сарбозони истилогари дар деҳа буда бо Коля шинос шуда монданд. Аз пӣ рӯ, ба ӯ касе даст намерасонд. Вай ҳар рӯз як маротиба ба ҷангал рафта меомад.

Харидори асосии Коля пиразани барҷомондае буд, ки дар хонаи нимвайронаи назди ҷангал зиндагӣ мекард. Коля хурмачаи пур аз ширро ба пиразан медоду хурмачаи холии дина овардаашро гирифта мерафт.
— Аблаҳҳо ҳанӯз ҳам туро аз роҳат дошта, ширатро мехӯранд? — пурсид боре пиразан.
— Фрицҳои нав омада монанд, шири хурмача тамом. Лекин солдатҳои кӯҳна гап намезананд. Маро мешиносанд. Чунки онҳо шир ё ҷурғот пурсанд, худам оварда медиҳам, — гуфт Коля.
— Майлаш, ҳар чӣ хоҳанд оварда деҳ. Ба захри марғашон хӯранду ба ту халал нарасонанд, — таъкид кард

пешина
аз 323
навбатӣ