Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Яке коғаз дармегиронд, дигаре ба Самарнисо ёрӣ мерасонд.
«Аз ноомади кор атола дандон шиканад, шиша сандон», гуфтаанд.
— Худойбердӣ як саҳифаро чаппа кард. Кор расво шуд! — бо чашмони гиряолуд базӯр гуфт Ҳафизахон, ки аз ҳама охир аз матбаа бармагашт. — Ба тамоми рӯи хона чошупош шуда рафтанд ҳарфҳо.

Редаксия гӯё ҷомаи мотам пӯшид. Ҳама ғарқи хаёл сар ҳам карда монданд. Ман, ки дирӯзакак аз фронт баргаштааму ҳанӯз муолиҷаро давом медодам, қариб асабӣ шуда будам. Рости гап, андак худро бад ҳис кардам. Маро ба диван хобонданд. Аз асаб пои яранокам ларзидан гирифт. Духтарон бо навбат пахш мекарданд, суханони тасаллибахш мегуфтанд, ки ман ором ёбам.

Ҳамин тариқ, Ҳафизахон ба дамгирӣ рафта натавонист. Муҳаррамҷон ҳам илоҷи хонаравӣ надошт. Наҷминисо ва Шарафнисоро ҳам илтимос кардам, ки нараванд. Раҳим Ҷалилро аз шӯъбаи санъат ба ёрӣ даъват намудем. Аз комитети вилоятии партия Раҳматҷон Саидов низ ба ёрӣ мо омад. Ҳар чорӣ духтарон барои барқарор кардани саҳифаи чошупошшуда ба матбаа рафтанд. Мо ба тайёр кардани шумораи навбатӣ машғул шудем.

— Хайр, шумораи навбатӣ ҳам тайёр мешавад, аммо хонанда кай мегирад? Мошини чопим «Американка»-ро бо даст чарх занондан лозим, — гуфт кадоме. — Матбаа бошад, коргари дуруст надорад.

— Биёед, дӯстон, — гуфтам бо илтиҷо, — мунтазири коргари матбаа нашуда, чархи мошини чопиро худамон бо навбат мегардонем, кусури қафомонии газетаро мебарорем.

— Материалро кӣ кор мекунад?
— Бо даст чарх занондан душвор. Дасти оҳанин даркор.

— Хайр, дасти коргари матбаа ҳам дасти мо барин будагист-дия, рафтем, бачаҳо! — Раҳим-ака ҳамаро аз паси ман гирифта омад. Аввалин шуда худам як асоро ба як сӯ ҳаво додаму бо як асо, якпоя чархи мошинро гардондан гирифтам. Даҳ, бист, панҷоҳ, сад. Саду даҳ!
Аз паси ман Ҳафизахон, Муҳаррамҷон, Шарафнисо, Раҳим-ака...

Ҳамин тариқ, кор пеш рафт. Ин тадбир имконият дод, ки ду шумораи ду рӯз ин ҷониб хобида аз чоп барояду мошин мунтазири шумораи навбатӣ гардад.

пешина
аз 323
навбатӣ