Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

мераваду халос. Монда ҳам шуд-дия. Пагоҳӣ омада буд. Ҳоло соат сеи шаб. Ҳамин қадар соат рост истода кор кардаи осон-мӣ?

— Рост мегӯед, Муҳаррамҷон,— ба гап ҳамроҳ шуд хобу хоболуд Наҷминисо.— Самарнисо ҷонсахт будааст. Дигар духтар мешуд, кайҳо партофта мерафт.

— Охир, духтари матбаачӣ-дия,— илова кард Шарафнисо.

Цехи саҳифабандӣ хурд набошад ҳам, андак гармтар буд. Ҳамаи кассаҳои хуруфоти тоҷикиро ба ҳамин ҷо ҷойгир карда буданд. Дар рӯ ба рӯи дари даромад мизи калони саҳифабандӣ меистод. Дар болои вай чароғи лампаи калон овезон буд. Азбаски пилтан чароғ ба охир мерасид, вай милт-милт месӯхт. Дар равшании ана ҳамин чароғи нимчон саҳифабанди ҷавон, духтари 16—17 сола Самарнисо машғули кор аст.

— Биёед-е, муаллимҷон,— гуфт аз пештахtai тиреза ҷой нишон дода, Наҷминисо Муҳаммадҷоновна, ки ним соат аз ман пештар ба цех омада буд.— Хобӣ Самарнисо набарад гуфта, аз ҷоғ задан даҳонам дард кард. Рости гап худи ман ҳам базӯр истодаам. Хайрият, ки шикам гурусна, набошад кайҳо мурда барин шах шуда мондем. Ҳамин тавр не, Самарнисо?

— Худи шумо, ба редакция рафта хобро зада омадед, ба назарам. Ду соат ин ҷониб набудед,— гуфт Самарнисо.

— Куҷоя, аз дуди коғаз моҳии капчон барин шуда омадам...

— Мо ҳам омадем,— гуфтанд Муҳаррамҷону Ҳафизахон ва Шарафнисо.— Коғаз адо шуд, хона хунук. Шишаи чароғ ҳам шикаст.

Монанди шабҳои дигар ба онҳо то баста шудани саҳифа латифа гуфтам. Ҳангоми оттискгирии саҳифаи охирин чароғи нимчон ҳам «номардӣ» кард. Дар соати чори саҳар чароғи дигарро аз куҷо меёбем?

— Давомашро субҳ дамад, андак равшан шавад, баъд мебандем,— гуфт Самарнисо.

— Шутур ба элак лангидагӣ барин нашавад, хоҳарам,— гуфтам илтиҷомез.— Тамом мекунеду халос. Субҳ, ки шуд, боз ташвиши шумораи навбатии сар мешавад.

— Хайр, чароғ ёбед, марҳамат, ман бастан мегирам.

— Шарафнисо, коғазпораҳоро ҷамъ кунед,— гуфтам. Фурсате нагузашта коғазпораи бисёре ҷамъ карданд.

пешина
аз 323
навбатӣ