Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
аст. Мо аҳду паймони аввалини худро ба хотир меорем; дар ҳамин шипанг дӯстон охирин маротиба ҳарифона хӯрда, аҳд карда будем, ки аз ҷанг бо ғалаба баргардем, боз ба ҳамин ҷо омада, маишат мекунем. Гап якто!
Шариф ҳақиқатан интизори мо будааст. Баробари наздик шудан пурсид:
— Ҳо, ҳамон ваъда ба хотиратон омад ё не?
— Аҳди замони ҷангӣ фаромӯш намешавад, дӯстам! — ҳамдигарро бори дигар ба оғӯш кашидем.
То бегоҳ дар шипанги шинос нишаста, дафтари лавҳаҳои ҷангии худро варақ задем.
БУРДАИ НОН
Рӯзҳои саратон, ҳаво мис барин тафсон. Махсусан, нисфирӯзӣ, ки офтоб ба қиём меояд, тоқати ба пахтазор даромадани кас намемонад. На овози одам ба гӯш мерасаду на чик-чики ғунҷишк. Дар ин фасли сол, хусусан рӯзҳои саратон, деҳқонон саҳариро барвақт мегиранду то тафсидани ҳаво доди каландро медиҳанд, сони ду-се соат, яъне то паст шудани ҳарорат дам мегиранд. Тақрибан, аз соатҳои панҷ аз сари нав ба пахтазор медароянд.
Зеро кори байни қаторҳои пахта таъхирнопазир аст. Як рӯз дер монад, ниҳолҳо аз амал мемонанду мувофиқи табъ ҳосил намедиҳанд.
Ҳавои саратони соли ҳазору нӯҳсаду чилу дуюм нисбатан гармтар ва дамтар буд.
Саркорро ба фронт гуселониданду Муҳиддинро ба сардории бригада таъин намуданд. Ба ҷавони дирӯзакак мӯйлабча бароварда табелчигӣ кардан куҷою ба як бригадаи калони пахтакорӣ сарубар шудан куҷо. Кош замони осоишта мебуд. Ҳамаи деҳқонбачаҳои дахмарда ба фронт рафта, мӯйсафедону занону бачаҳо монда буданд.
...Саркори ҷавон Муҳиддин, ки аз ташвиш ва машаққати кор зангӣ ток барин хушк шуда буд, дар саргаҳи замин пайдо шуд. Ӯ арақи сару гарданашро бо рӯмолчаи кабуди нимрангаш поккунон ба каландчиён нигаристу афсӯсомез сар ҷунбонд:
— Бечораҳо, ду сол пеш дар ин соатҳо то сер шудан хӯроки бомаза мехӯрданду дар ягон ҷои сою салқин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё