Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
дами беғам мезаданд. Бемалол дам гирифта, гашти офтоб боз ба кор сар мекарданд. Акнун бошад...
Саркор беҳолона қадам зада, ба назди шипанг омад. Хост зангӯла занаду колхозчиёнро ба дамгирӣ чеғ занад. Андармон шуд. Чеғ занад ё не? Чӣ хел мешуда бошад? Ниҳолҳоро алафи бегона зер кардааст, қаланди сеюм қафо мемонад. Ҳол он ки пеш аз ҷанг атрофи ниҳолҳои пахтаро то ҳашт маротиба қаланд мекарданд. Ҳоло базӯр чор маротиба. Ин ҳам бо ғайрати мӯйсафедон, занону духтарон... Ҳайр, агар инҳо ҳам намебуданд, чӣ мешуд?
Саркори ҷавон ба шиори дар пештоқи шипанг буда нигариста хаёл карда монд: «Ҳар як пағаи пахта бомбаест ба сари душман!».
— Аз ҳар гектар замин камаш сӣ сентнер пахта медиҳем, — гуфта ваъда кардаем. Бо ин аҳвол ба ваъда вафо карда метавониста бошем? — аз дил гузаронд Муҳиддин.— Ба ҳар кас ду гектар рост меояд. Пеш ба ҳар гектар шаш нафар деҳқони калламағз буд, ки бо қаланди ҳашткадока ҳар кадомаш кори ду касро мекард. Акнун чаладеҳқонҳои офтобнаҳӯрда ғун шудаанд. Ба болои ин дастони бетаҷриба, шиками гурусна...».
— Ҳа, шиорро акнун дидӣ? — овози ногаҳонии Розия-хола Муҳиддинро як қад паронд. — Аввал шиками одамона сер кардан даркор. Чуволи холӣ рост намеистад! — хитоб кард хола.
— Се бор назди раис рафтам, холаҷон, — хислати Розия-холаро, ки нағз медонист, гап сар кард саркори ҷавон. — Фақат чор кило орди ҷав доданд. Будагиш ҳамин, гуфтанд. Ҳайр, набошад, онҳо ҳам чӣ кор мекунанд?
— Нест гӯяд, бовар кардию омадан гирифтӣ? Ба анбор даро, ҳамаро такурӯ кун! Ман мешудам гулӯи анборчиро буғӣ мекардам!
— Ҳозир дар анбор муш бо асо ҳам рост истода наметавонад, холаҷон.
— Э, каллаваррам, ба гапи онҳо бовар мекунӣ? «Ин нест, вай нест» мегӯяндӯ ҳар рӯз дар қафои сарой шӯрбоча! Билиқ-билиқашро шунида оби даҳонат меравад. Пойтах, ки холӣ шуд, балохӯрҳо ғун мешавандӯ муштро дар торикӣ мезананд. Ту бошӣ, ним килограмм гӯшти шутур ҳам ёфта наметавонӣ!
— Холаҷон, охир...
— Охир-поҳиратро мон! «Ё ба зорӣ, ё ба зӯрӣ, ё ба зар», гуфтаанд машонҳҳо. Дидӣ, ки бо гапи нағз нашуд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё