Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
чарми рӯятро канда парто. Агар ёфта надиҳӣ, ҳекиртакатро канда мегирам, гӯй. Натарс, туро пухта намехӯранд. Аслаш худи туро ба фронт фиристонда, аз йигитҳои корчаллон сардор таъин кардан даркор буд. Ман калон мебудам...
— Мебахшед, холаҷон, худи ман ба фронт рафтаӣ будам...
— Ҳа-а,— даст афшонд Розия-хола лабашро бурма карда,— ба як ҳисоб нағз карданд, ки туя ба фронт нафиристонданд. Ба фронт ҳам одами лабулаҳҷадор даркор. Ту барин мусичаҳои уволак пашша барин беҳуда мурда меравед.
Розия-хола домани пур аз алафашро холӣ карда, зери лаб ким-чиҳо гӯр-гуркунон сӯи каландчиён равон гашт. Роҳравон ду маротиба ба қафояш нигарист. Барои чӣ бошад, бори сеюм баргаштани ҳам шуду даст афшонда ба роҳаш рафтан гирифт.
Тақрибан баъди ним соат Розия-хола бо домани пур аз алаф баргашт. Ӯ алафро холӣкунон сӯи Муҳиддин нигарист. Саркори ҷавон дар лаби ҳавз дар як даст чойҷӯшу дар дасти дигар обгардон рӯболо мехобид. Аз афташ ӯ об пур карда, ҷой монданӣ буд.
— Вай ман намурам, чӣ шуд ба ту, Муҳиддинҷон?!— гуфт хола ва мурғи посӯхта барин дар атрофи саркор парвона шуд. Зуд чойҷӯшу обгардонро аз дасташ гирифту бо нӯги остинаш арақҳои сару рӯи саркорро пок карда, тез-тез бод додан гирифт. Баъд ба хотираш омад, ки дар халтааш як бурда нон ҳаст.
Нони қоқи мағорбастаро ба об тар карда, ба саркор хӯронд, як пиёла об ҳам нӯшонд. Баъд аз қадре Муҳиддин чашмонашро кушода бо овози пасти ларзон изҳори миннатдорӣ намуд.
— Мана мебахшӣ, писарам,— узрхоҳӣ намуд хола,— Туро беҳуда озор додам. Рафта истода аз гуфтаҳоям пушаймон шудам. Чаро ин бечораро хафа кардам гуфта, аз худам хафа шудам. Дилам гувоҳӣ дода буд-куя. Лабҳоят парсинг бастагӣ, авзоят бечора буд. Дилам ғаш карда омадам. Гӯр ман шавам, як дамакак нарафта истам, чӣ мешуд? Э, чанд бор гуфтам, ки ҳой, бачаҳои беакл, муред ҳам, як бурда нонро аз миёнатон канда накунед. Ба ту нагуфта будам-мӣ? Гуфта будам. Охир, ту ҳам аз мо кам ташвишу заҳмат намекашӣ. Шабона об мондан, рӯзона каланд задан, боз ба чор атроф давугеҷ кардан...
— Нон доштам-у...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё