Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Даҳмардаҳо ба фронт рафтанд, кори саҳро хеле қафо монд. Қалаидчӣ кам, обмон нест. Алафи бегона чунон авҷ гирифт, ки ниҳоли пахтаро аз алаф ҷудо кардан амри маҳол буд. Саркори ҷавон ҳар рӯз хона ба хона одам хабар мекунад. Ба кадом ҳавлие наравад, як баҳонаю сад радду тақал. Баъзеҳо гурусна, баъзеҳо касалии вараҷа. Қисми одамон барои шикамсерӣ ба корҳои дигар гузашта рафтаанд. Гарқи хаёлу андеша ба дари ҳавлии шиносе омада мондани худро надониста монд Муҳиддин.

Саркор аз дари ҳавлӣ даромаду хуш аз сараш парид. Зуҳрои сесола дар болои кӯрпачаи чанда нимҷон мехобид, акааш Боҳир зӯран ба ӯ тут мехӯронд. Шарафи панҷсола ба хоку чанг ғӯтида буд ва ким-чиро мехонд. Ҳар се марди ношиносро дида, тахта барин шах шуда монданд. Онҳо илтиҷоомез чашмонашонро милт-милт карда, ба ӯ менигаристанду лабҳошонро мелесиданд. Саркор ҳис кард, ки дар чашмони чуқур ва бенури ин бачаҳои гурусна аз намӣ осоре намондааст.

— Модарашон дар куҷо? — пурсид саркор баъд аз каме ба худ омада.

— Ба шаҳр рафт. Нон ёфта мебиёям гуфта рафт, — гуфт Боҳир базӯр, сарашро ҳам карда.

— Амакҷон, нон те-е, — гуфт Шарафи панҷсола гарданашро қаҷ карда.

— А? Нон?!... Ҳозир!.. Ҳозир!... — гуфт Муҳиддин ва ба хотираш омад, ки дар миёнаш як бурда нон дошт. Саросема рӯмолро аз миён кушода, бурдаи нонро гирифту се тақсим намуда, ба бачаҳо дароз кард: — Мана, гиретон бачаҳо, хӯретон, хӯретон!..

Бачаҳо аз шодӣ қариб дилкаф шуда буданд. Нонро дида дар бадани онҳо қуввае пайдо шуд, ки ду писар худро ба пеши пои саркор партофт. Зуҳрои бемор хобида ҳам гаваккашон ба тарафи ӯ омаданӣ шуд. Вале саркор тез ба назди ӯ рафта, нонро ба дастҷаи пӯсту устухоншудааш дод.

— Хӯр, ҷиян, ман пагоҳ боз меорам. Нони бисёр меорам, — тасаллӣ дод саркори ҷавон.

— Дурӯғ намегӯед-а? — пурсид Шараф.

— Не, дурӯғ намегӯям.

Зуҳро нонро саросема мехӯрд. Метарсид, ки касе аз дасташ кашида нагирад. Ин дам модари бачаҳо Моҳӣ бо ранги паридаю дасти холӣ аз дар намудор шуд. Базӯр-базӯр қадам зада меомад. Дар дасти бачаҳо нонро дида, саломуалейкро ҳам фаромӯш карда, ба дасти бачаҳо менигаристу

пешина
аз 323
навбатӣ