Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
лаб мелесид. Охир тоқат карда натавониста, аз дасти Зуҳро нонро кашида гирифту ба даҳон андохта, ду бор хонда фурӯ дод. Зуҳро дастҷаҳои лоғарашро ларзонда «нанна» — гӯён зорӣ мекард.
— Апа, инсоф кунед, ба ҳар ҳол шумо калонсол,— гуфт Муҳиддин тоқат карда натавониста.
— Барои зинда мондани инҳо ман бояд зинда монам! — гуфт Моҳӣ ва хунгосзанон гирист.
Саркор чӣ гуфтанашро надонист. Гапи Моҳӣ низ мантиқ дошт. Охир ӯ набуд, кӣ ҳар рӯз дар ба дар ба нонковӣ мерафт? Шиками бачаҳо гуфта, шиками худро фаромӯш карда буд. «Дар ҳақиқат садбарги пажмурда барин шуда мондааст Моҳӣ», — аз дил гузаронд Муҳиддин.— Дирӯзакак даҳҳо ҷавонмардҳо дар ишқаш девона буданд. Худаш ҳам дар хусну малоҳат ҳамто надошт. Лекин Моҳӣ аз ҳусни худ намеболид. Аз таҳи дил меҳнат мекард, духтарони дигар аз паси ӯ мерафтанд. Дар паҳлӯи шавҳараш Тоҳирҷон истода, тракторчии «бедиплом» ҳам шуда гирифт. Афсӯс, ки соҳиби се фарзанд шуду аз корубори саҳро дур шуда рафт. Вагарна...
Ҷанг сар шуд. Тоҳирҷон ихтиёрӣ ба фронт рафт. Ӯро ҳамчун механизатори машҳур гирифта мондани шуданд. Худи ӯ нахост. Дере нагузашта хабар омад, ки ӯ танкисти моҳир гаштааст. Ин гуна одамон дар фронт чун обу ҳаво лозиманд. Тоҳирҷон аз рӯзҳои аввали ба ҷанг даромаданаш ҷасорату маҳорат нишон додааст. Сазовори раҳматномаи Саркомандадеҳи Олӣ гаштааст. Аз ин хушхабар на танҳо Моҳӣ, балки тамоми аҳли колхоз шод гаштанд.
«Моҳии тобонам,— қариб дар ҳамаи мактубҳояш такрор мекард Тоҳирҷон,— илтимос, лаҷоми Чирани маро (тракторашро ҳамин тавр меномид ӯ), ба дасти худ гир, бегона нашавад. Аз паяш шав, хорумол кун. Вай ҳам барои ғалаба ҳисса гузошта метавонад. Ман, ки баргаштам, бо ду дасти адаб ба худам месупорӣ. Аз душворӣ натарс, ҷонам. Он рӯз дур нест, ки душманро дар лонаи худаш маҷақ карда, бо ғалаба бармегардам. Ана, сонӣ зиндагии нав, зиндагии боз ҳам фаровонтар сар мешавад. Нури дидаҳоямро бӯсида мон, Моҳии азизам».
Лаҷоми Чиран ба Моҳӣ насиб накард. Як сол даст ба дасти ронандагони «худрӯ» гашту охир аз кор баромад. Барои таъмир ба МТС гирифта бурданд ва ба ҳамин беному нишон шуда рафт. Баъди ин ҳавсалаи Моҳӣ низ пир шуд. Ҳамаи занону духтарон ба саҳро баромада, ҷои шавҳару падару бародарони ба фронт рафтаашонро гирифтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё