Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Аммо Моҳӣ аз хона набаромад. «Мо гурусна намемонем, — мегуфт ӯ, — пагоҳ-пасфардо ҷанг тамом мешаваду Тоҳирҷон бармегардад, об ба лаби ҷӯ баробар мешаваду мемонад».
Калонгапии Моҳӣ сабаб дошт. Ҳақиқатан Тоҳирҷон девкор буд. Даромади нағз мегирифтанд, зиндагӣ каму-кост надошт. Аз ин рӯ, Моҳиро парвои олам набуд. Ҳатто то як соли ба фронт рафтани шавҳараш ба ягон чиз мӯҳтоҷӣ накашид. Соли дуюми ҷанг расиду Моҳӣ аз хоб бедор шуд. «Барака дар як дона» гуфтагӣ барин «хуми равған ҳам бо лесидан тамом шуд». Дар хона бо қош кашида нишастан шикам сер намешавад, албатта. Қошқи худи Моҳӣ чимхӯр мебуд. Аз тарафи дигар бачаҳо кай донанд, ки хӯрок аз дег мебарояд ё аз осмон мефарояд.
Ана, ҳамин тавр, зиндагии Моҳиро ба тангкӯчаи сарбаста даровард. Аввал бо савдогарон ошно шуда, харидуфурӯшро ёд гирифт. Давраҳои нахуст кордаш дар болои равған шуд. Рафтору гуфтораш низ ранги дигар гирифт. Сонштар ба доми савдогарон корчаллонтар фаромад. Барои «шикор» ҳамроҳи онҳо ба шаҳрҳои дур рафтуо мекардагӣ шуд. Ҳатто овоза паҳн шуд, ки Моҳӣ зани дуюми Сафар ном савдогаре шуда бошад.
— Зуд аз ин роҳат гард, беакл! — борҳо таъкид карда буд Розияхола. — Шавҳаратон дар фронт ҷон медиҳаду ту бошӣ савдогарӣ мекунӣ, виҷдонатро мефурӯшӣ. Бо ин қорат на фақат ба авлодат, ҳатто ба колхозамон иснод меоварӣ! Наход ягон қатра шарму ҳаё надошта бошӣ?!
Он рӯзҳо ин хел гапҳо ба гӯши Моҳӣ намедаромаданд. Маишати муфт ӯро масту аласт гардонда буд. Баъди он ки идораҳои дахлдор таноби савдогаронро сахтакак кашида монд, ана баъд Моҳӣ ҳушёр шуд. Агар Розияхола ӯро ба кафилӣ намегирифт, чанд соли умри ҷавониашро дар паси панҷараи оҳанин мегузаронд...
— Ҳанӯз дер нашудааст, — гуфт Розия-хола ба Муҳиддин. — Ба Моҳӣ ёрӣ додан даркор. Набошад бачаҳояш аз гуруснагӣ мемуранд, ману ту ба уволашон мемонем. Худаш коргари нағз. Аз уҳдаи ҳама кор мебарояд. Фақат ғайрати пештараашро бедор кардан даркор. Як бор ту гирифта биё, он тарафаша худам саришта мекунам. Фаҳмидӣ, бачам?
Имро Муҳиддин нағз медонист. Чанд бор ният ҳам карда буд, ки ба кори саҳро ҷалб мекунад. Вале ҷуръат намекард. Аз як тараф, аз каме бероҳа шуданаш дилаш монда буд, аз тарафи дигар, метарсид, ки одамон гап

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё