Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
накунанд. Ҳол он ки кӯдакони хурдсол доштани Моҳиро нағз медонист, бо Тоҳирҷон низ шиноси наздик буд. Фақат баъди маслиҳатҳои Розия-ҳола ба хонаи Моҳӣ рафт...
— Шумо беҳуда намеоед. Ба кор баро гуфта ома-дед,— бо қаҳр рӯяшро тофт Моҳӣ.
— Магар ба ин сиёҳчашмҳо дилатон намесӯзад? — гуфт Муҳиддин сари Зӯҳроро силакунон.
— Чӣ кунам? Худамро фурӯшам? — қағокашро ги-рифт Моҳӣ.— Набошад ягон харидор ёбед!
— Барои зиндагӣ худро фурӯхтан шарт не-ку?
— Хайр, сарамро ба куҷо занам?
— Ба саҳро меравед. Монанди пештара кор мекунед. Шумо стахановчии машҳур будед-ку? Ҳама ба шумо ко-ил шуда буд, сурататон дар газета баромада буд.
— Кор мекунам? Бо чӣ? Ҳатто кафанборӣ надорам!
— Дар саҳро ҳеҷ кас гурусна намондааст. Ба қадри ҳол бо хӯрок таъмин карда истодаем. Минбаъд ду маҳал хӯрок мешавад.
— Ҳудам ба кор раваму инҳоро ба гӯр супорам?!— бачаҳояшро ишора намуд Моҳӣ.— Аз ин худам мурам беҳтар не?
— Бачаҳоро ҳам мебарем. «Як мавизро чил кас хӯр-дааст», мегӯянд,— гуфт Муҳиддин ва кӯдакро бағал кар-да, бо рӯмолчааш лабашро пок карда монд.
Моҳӣ лаҳзае фикр карду баъд Муҳиддинро бародар-вор ба оғӯш кашида, то будани овозаш гирист...
— Раҳмат, писарам, боракалло! — аз нақли Муҳид-дин шод гашт Розия-ҳола,— як ҳафтаи дигар дер мекар-дӣ, аз гуруснагӣ нафақат бачаҳояш, худаш ҳам мемурд. Раҳм кардан даркор, раҳм! Медонӣ аз гуруснагӣ чанд кас варам карда мурд? Ҳар одамон мурданд, ки ба як китфашон даҳ кас мегунҷиd. Мабодо ту аз гапҳои ман хафа нашавӣ? Аз ман асло хафа нашав. Ман сахт мера-сам. Лекин аз дилсӯзӣ сахт мерасам. Ба баъзеҳо гапҳои ман мурчу қаламфур барин мерасанд. Чӣ кунам? Фез-лам ҳамин. Аммо беҳуда гап намезанам. Ягон фоидааш мерасидагӣ бошад, гап мезанам. Медонам, ту ҷавон. Одам якбора ба бом ҳаллос намезанад. Якто-якто бо зина мебарояд. Ту ҳам аз худ наравӣ, одам мешавӣ,—

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё