Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
ба китфи Муҳиддин тап-тап зада монд Розия-хола. — Хӯш, чӣ тавр? Акнун ба худат омадӣ?
— Раҳмат, холаҷон, — аз ҷояш хеста, либосҳояшро афшонд саркор.
— Исто! Дур нарав, даматро гир. Ордат канӣ?
— Ҳо, дар хӯрчин.
— Ҳама кор дар хӯрчин гӯй? — инро аскиянамо гуфта баъд давом намуд, хола: — Нисфашро атола мепазам, нисфашро котирма. Як бурдагӣ расад ҳам, ба дилашон қувват мешавад. — Баъд мушт барин чизи коғазпечро ба саркор дароз кард. — Ма, ба лаби оташдон бурда мон.
— Ин чӣ, елим-мӣ, хола? — коғазро кушода ҳайрон шуд саркор.
— Вай ҷой, нодон, — хандид хола. — Камтар шакар ёфтам. Аз вай қиёми сӯхта пухтаам. Донак баринашро андозӣ як ҷойнаки калон ҷон фамил мешавад. Фаҳмидӣ?
Ҳисоб ёфтан даркор. Аз хона як чувол донакпӯчоқ ҷамъ кардам. Се бор шуста ба офтоб мондам. Хушк шавад, бегоҳ ба осиёби Сангин-қайрокбоз бурда парто. Бигузор то бегоҳ орд кашида монад. Розия-хола фармуд, гӯй, гӯшашро начунбонда, орд кашида медиҳад. Пагоҳ боз худат рафта гирифта меоӣ. Фаҳмидӣ?
— Аз пӯҷоки донак орд мешавад?
— Ҳа, мешавад. Баробари орди гандум, набошад орди ҷав ҳамроҳ мекунем, канд барин нон мешавад. Мо дар қиматию қаҳатӣ ҳамин хел мекардем. Каду андохта мепухтем, мулоим мешуд. Худаш намешавад. Орди ҷав ҳам расво. Дар гармиаш дуруст, қок, ки шуд бо дандони чӯянии ҳам хоида намешавад. Хе-е, дида-дида холаат профессор шудагӣ. Тӯ дирӯзакак аз тухм баромадӣ, чиро медонӣ?
— Бо вуҷуди ин нонаш сахт мешудагист-а, хола?
— Хе-е, шиками гурусна оҳанро ҳазм мекунад, бачам!
— Ин хел бошад, аз ҳавлиҳои дигар ҳам пӯҷоки донак ҷамъ кардан мумкин-ку, — хаёл карда монд Муҳиддин.
— Албатта! Ҳисоби шикамро ёбӣ, саҳро аз одам пур мешавад, қорат пеш рафтан мегирад. Ҳатто ба дигар бригадаҳо ҳам ёрӣ додан мумкин. Пагоҳ-пасфардо ҷаву гандум медараванд. Зардолу мепазад. Рӯзамон баромада мемонад. Лекин ҳозир ҳисоб ёфтан даркор, ҳозир. Фаҳмидӣ?
— Рост мегӯед, холаҷон, — хурсанд шуд Муҳиддин.—
Беҳуда намегӯянд, ки «пир нест, тадбир нест». Шумо намегуфтед, даҳ одам аз куҷо меомад? Пагоҳ боз ҳашт каси

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё