Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
дигар мебарояд. Баъд аз ду рӯз ба қаланди чорум сар кардан мумкин. Обмон немерасад, обмон.
— Аз занҳо мон. Одам кардагӣ кор. Аксари деҳкондухтарон аз ӯҳдааш мебароянд. Дида-дида, чашмашон пухтагӣ. Агар ҷавонтар мебудам, худам мебаромадам...
— Ҳе-е, холаҷон, бе шумо ман кӯри беасо барин гап. Аслаш бригадир шумою ман ёрдамчӣ. Ҳамту не?
— Бригадирнат ба худат насиб кунад, писарам. Агар писарони ман ҳам аз фронт неомаданд, бемалол пояма дароз карда дам мегирифтам. Охир, ман аз рӯи ташкил шудани колхоз кор мекунам. Бе прогул-а. Ордена барои чӣ доданд? Звенои пешқадам будам. Аз ҳама зиёд ҳосил мегирифтам. Дар виставкаи Маскав сурати холаат буд. Мумкин ҳозир ҳам бошад. Хайр, ҳеҷ гап не, хоре кунанду душмана нест карда биёянд. Исто-исто! — ба роҳ чашм дӯхта монд хола. — Дидӣ, кӣ меояд?
— Ба назарам Моҳӣ-апа бо бачаҳояш меояд, — хурсандона гуфт Муҳиддин.
— Ҳайрият-е! — Розия-хола низ хурсанд шуд. — Акнун гап ин тавр, бачам. Аввал, як-ду рӯз ба хӯрокпазӣ мемонӣ. Майлаш, бачаҳояш саҳл ҷон гиранд. Ана, сонӣ звено карда мемонӣ.
— Одамҳо нахоҳанд-чӣ?
— Он тарафаша ба ман парто. Ба онҳо мефаҳмонам...
Дере нагузашта дар деҳа овоза паҳн шуд, ки дар бригадаи чорум ба ҳар кас нон ва хӯроки серӣ медодаанд. Ҳатто рӯз дар миён ё палав, ё шӯла низ мепухтаанд. Баъд аз ин хоҷати одам хабар кардан ҳам намонд. Дар давоми се ҳафта шумораи коргар панҷ маротиба зиёд шуд. Хишова байни қаторҳо дар муддати хеле кӯтоҳ анҷомид, ду маротиба ягонаи хушсифат гузаронданд. Байни қаторҳои пахта шаш маротиба қаланд карда шуд. Обёрӣ бо сифати аъло гузашт. Ниҳолҳо сербор гаштанд. Дар охир ғалберро аз об бардоштанд: аз ҳар гектар назар ба порсола даҳ сентнерӣ, нисбат ба план шаш сентнерӣ зиёд «тиллои сафед» рӯёниданд. Звенои Моҳӣ Мардонова дар ҳосилғундорӣ ба рекорди пешазҷангӣ расид.
— Ба ғайрату ҳиммататон раҳмат, — гуфт раиси колхоз дар ҷамъомади аъзоёни бригада. — Шумо барои фронт, барои ғалаба сӣ тонна пахтаи зиёда аз план додед. Байраки мусобиқа ва як сар гӯсфанд насиби шумо гардид. Мукофот муборак, дӯстони азиз!
— Куллук! Куллук! — шунида шуд аз атроф.
— Лекин як илтимос, — давом намуд раис, — правленияи колхоз қарор дод, ки сардоратон Муҳиддин Окиловро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё