Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

аз шумо гирифта, ба бригадаи қафомонда фиристонад. Охир, дигар бригадаҳо ҳам бояд пешқадам шаванд. Барои ғалаба бар душман пахта ҳам бисёр даркор.
Имрӯз худатон нағз медонед, рафиқон...

Аъзоёни бригада ноилоҷ розӣ шуданд. Вақто ки гап ба болои номзади сардори нав омад, аввалин шуда Розия-хола сухан гирифт.

— Моҳӣ Мардонова сардор мешавад! — гуфт ӯ ҷаста аз ҷой хеста. — Дар меҳнат худро нишон дода тавонист. Чашми корро медонад, аз ӯҳдаи ҳама кор мебарояд. Чӣ гуфтетон, рафиқон?

— Маъқул! Дуруст!

— Ман муносиби ин вазифа нестам, — зуд аз ҷой хеста, рад кард Моҳӣ.

— Чаро? — пурсиданд ҳама.

— Ман гуноҳи бисёр дорам. Гуноҳҳоямро бо меҳнат мешӯям, — сарашро ҳам кард Моҳӣ. — Не, овора нашавед!

— Шумо гуноҳатонро шустед, апа! — гуфт Муҳиддин.

— Рост, дев барин кор кард, бечора, — қувват дод мӯйсафеде.

— Имсол аз ҳар гектар чил центнери пахта медиҳӣю аз пахта ҳам сафед шуда меравӣ! Натарсида, розӣ шудан гир, дар паҳлӯят ман ҳастам! — мағрурона қоматашро рост кард Розия-хола.

Ҳозирон чапак заданд.

Аммо номзади Моҳиро шунида авзои раис камтар тағйир ёфт. Ҳама бо тааҷҷуб ба ӯ нигаристанд. Хаёл мекарданд, ки гузаштаи Моҳӣ ва таклифи ягона ӯро ба вазъияти ноқулай момонд. Не, мурғи хаёли раис дар осмони дигар парвоз мекард. Дина аз Тоҳирҷон «хати сиёҳ» омада буд. Раис шаб ин ҷониб ҷуръат намекард, ки аз ин хабари нохуш Моҳиро огоҳ кунад. «Ба як ҳисоб, — аз дил гузаронд раис, — мавриди нағз пайдо шуд. Акнун оҳиста фаҳмондан мумкин...»

— Хӯб, агар Моҳиҷон ба шумо маъқул бошад, ба мо ҳам маъқул, — гуфт ниҳоят раис. — Ҳар касе, ки Моҳиҷон Мардонова сардори бригада интихоб шавад гӯяд, даст бардорад! Аксарият! Бо вазифаи нав табрик мекунем, рафиқ Мардонова!

Раис аз оринҷи Моҳӣ дошта, вазнин-вазнин қадаммонон пеш рафтан гирифт. Розия-хола ба Муҳиддини маънидорона нигоҳ карду ашки чашмонашро поккунон гуфт:

— Рафтем, писарам, тоқати шунидани гиряи зан надорам.

пешина
аз 323
навбатӣ