Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Офтоби тирамоҳӣ ба қафои кӯҳ гузашта, шамоли сард мевазид. Ҳама дар ташвиши хонаравӣ. Вале касе намедонист, ки имрӯз Моҳи шабро чӣ хел рӯз мекунад.

ҚӮШЧАНОР

Ривоят мекунанд, ки ин чанор дуто буд. Аз ин рӯ, кӯшчанор меномиданд. Кӯшчанор аз дур шохи оҳуро мемонд. Мардум муқаддас мехонданд ин ҷоро. Дилдодаҳо ба зиёраташ меомаданд, субҳро шом мекарданд, шабро саҳар. Духтари соҳибҷамол ва хушқаду қомате ҳар пагоҳ ба бехи Кӯшчанор ду кӯза оби роҳатбахши чашма рехта, дар рӯ ба рӯяш нишаста, ба сӯҳбати дилдодаҳо гӯш дода, ба дарёи хаёлу андеша ғарк мегашт.

Ногоҳ ҳодисаи тааҷҷубоваре рӯй дод. Гӯё дар як шаби пурошӯб як бехи чанор ғайб задаасту соҳибҷамол ҳам. Баъд аз як ҳафта зани сафедмӯй ва пажмурдарӯе пайдо шуда, монандӣ духтари соҳибҷамол ҳар пагоҳӣ ду кӯза дар даст дар баландине намудор мешавад, рӯ ба чанор бо таъзим салом дода, рафта обро ба бехи чанор мерезаду дар рӯ ба рӯяш нишаста, зери лаб суруди ғамгинонаеро замзама мекунад, механдад, мегиряд. Агар ихлосмандони Кӯшчанор кунҷковӣ кунанд, кӯзаҳоро бардошта, чанд қадам дур мераваду ба қафояш нигариста мегӯяд:

— Имрӯз Фаррух меояд. Фардо тӯямон дар ҳамин ҷо мешавад...

Фошистони лаин ба хоки муқаддаси мо пойи нопоки худро гузоштанд. Осмони бегубор тираю табъи мардум хира гашт. Ҳама бар зидди душмани ғаддор ба по хест. Ҳазорон шермардони ин атроф низ барои Ватан ҷон нисор карданд. Ба деҳа хабарҳои мудҳиш меомад. Мегуфтанд, ки дирӯз аз шавҳари фалонӣ «хати сиёҳ» омад, имрӯз аз писари фалонӣ. Айнан дар яке аз ҳамин гуна рӯзҳои даҳшатангез дар деҳа хабари нохуш паҳн шуд: дар як шаб як бехи Кӯшчанор ғайб задааст. Одамон чанорро тоқа дида дасти ҳайрат ба гиребон бурдаанд. Ба кӣ, чӣ гуноҳ карда бошад ин чанори босаховат? Дасти кадом ноодам расида бошад ба он?

...Фотима ва Фаррух дар як деҳа, дар як маҳалла, дар як солу дар як моҳ ба дунё омадаанд. Фотима фақат ҳафт рӯз дертар таваллуд шуда буд. Падару модарашон

пешина
аз 323
навбатӣ