Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

хеш набошанд, ҳам, аз хешҳо наздиктар буданд. Як рӯз набинанд, ҳамдигарро пазмон мешуданд. Чӣ дар хурсандӣ, чӣ дар ғам ба ҳамдигар марҳами ҷон мегарди- данд. Фарзандонашон низ ба ҳамдигар унс гирифтанд. Ҳамроҳ дар боғчаи бачаҳо тарбия гирифтанд, ҳамроҳ ба як мактаб, ба як синф даромаданд, то занги охирин дар як парта нишастанд. Дар ин муддат дилҳо ҳамсадо гаш- танд, чунун ду гули садбарг дар як шохи ниҳоли муҳаббат шодону хандон ба воя расиданд.

Иди Наврӯз буд. Коллективи мактаб ҳашари кабу- дизоркунӣ гузаронд. Пастию баландиҳоро ҳамвор кар- данд, судгор намуданд, роҳу палҳо ҷудо карданд. Баъд ҳар кас ба номи худ якбехӣ дарахт шинонд. Боғе шакл гирифт. Дуртар аз ин боғ баландии барҳаво ба назар мерасид. Фотимаю Фаррух ин ҷоро қадамгоҳи худ хон- данд. Яктоӣ чанор шинонданд. Ҳар рӯз аз чашма як кӯ- загӣ об оварда мерехтанд. Баъд паҳлӯ ба паҳлӯ нишас- та, садои дили ҳамдигарро мешуниданд. Лаҳзаҳои ши- ринтарини ҳаёташон дар ҳамин ҷо мегузашт. «То абад як роҳ, як мақсад!» — чунин буд аҳду паймонашон.

— Бигузор ҳамин ду чанор мӯҳри аҳду паймони мо гардад! — гуфта буданд дилбохтаҳо.

Ба ҳамин тариқ, чанорҳо ба камол мерасиданду риш- тан муҳаббати Фотимаю Фаррух қавитар мегашт.

Беҳуда намегӯянд, ки гули хушбӯйро ошиқи бисьёр. Фотима ҳам хушдорони бисёр дошт. Ҳаммактабаш Ба- тош бошад муҳаббатро ба тарзи худ мефаҳмид, зарур донад, на фақат ақлу идрок, балки фазилати инсониро низ фаромӯш мекард. Шабу рӯз нақша мекашид, ки чӣ хеле ки набошад Фотимаро ба худ ром карда гирад. Аз ин рӯ, хилват ки ёфт, ба Фотима гап мепартофт.

Аввалҳо Фотима кирдори Батошро ҷиддӣ намедонист. Охир, вай зану фарзанд дошт. Дар ин бора ба Фаррух ҳам ҳарфе назада буд. Фаррух ҳам ягон гумон надошт. Охир, наход писари амак ба ӯ хиёнат кунад? Додар ҳисоб меёбад-ку! Баъд аз он ки Фаррух ихтиёрӣ ба фронт рафт, миси хушомадҳои Батоши бадтинат баромада монд. «Элак баҳонаю дидор ғанимат» гуфтагӣ барин тез-тез ба саҳро мерафтагӣ, аз аҳволи колхозчизанон «хабар» мегирифтагӣ шуд. Ҳол он ки ин вазифаи ӯ котиби колхоз набуд. Дигаронро ба номаш пурсида, назди Фотима мерафт, соатҳо гапаш тамом намешуд. Оҳиста-оҳиста то рафтору гуфтораш ранги дигар гирифт. Ҳатто ваъда ҳам кард, ки худ табельчии бригада мешаваду Фотимаро ба ҷони худ — ба котибии колхоз тавсия хоҳад кард.

пешина
аз 323
навбатӣ